Jump to content

Бат Лидия Григоревна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Бат Лидия Григоревна
БАТ Лидия Григоревна
Таърихи таваллуд: 18 май 1900(1900-05-18) (124 сол)
Зодгоҳ: Одесса
Навъи фаъолият: мунаққид ва мутарҷими рус,нависанда

БАТ Лидия Григоревна (18.5.1900, шаҳри Одесса – 1980), нависанда, мунаққид ва мутарҷими рус.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ходими хизматнишондодаи маданияти ҶШС Ӯзбекистон (1970). Дар факти таъриху филологияи Курсҳои олии занонаи Одесса таҳсил кардааст (1916–20). Навиштаҳои нахустинаш соли 1926 ба табъ расидаанд.

Муаллифи силсилаи повестҳои тарҷумаиҳолӣ дар бораи Фритоф Нансен (1936), Тарас Шевченко (1939; ҳамроҳи А. И. Дейч), Алишери Навоӣ, Ойбек ва дигар соли 1970 китоби ёддоштҳояш бо номи «Вохӯриҳои фаромӯшношуданӣ» ба табъ расид. Бат оид ба эҷодиёти С. Айнӣ, М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, М. Миршакар, Ф. Муҳаммадиев мақола, очерк ва тақризҳо навиштааст. Дар ҳамкорӣ бо В. Смирнова, М. Явич «Духтари оташ» (1964), «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» (1972) ва «Тахти вожгун»-и Ҷ. Икромиро (1975) ба русӣ тарҷума кардааст.