Бат (гармоба)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


БАТ, (англиси bath.– гармоба), шаҳри қадимие дар ҷанубу ғарби Англия, дар соҳили дарёи Эйвон. Аҳолиаш 84 ҳазор нафар (2012). Аз қадим ҳамчун макони осоишгоҳи гармобашифоӣ машҳур буд. Дар Бат 4 чашмаи маъданӣ мавҷуд аст, ки ҳарор. то 460 С буда, барои табобати бемориҳои дарди мафосил (ниқрис), тарбод (ревматизм) ва фалаҷ истифода мешавад. Дар Бат корхонаҳои мошинсозӣ, дӯзандагӣ ва табъу нашр мавҷуданд. Осорхонаи костюмҳо, калисои готикӣ, нигористони бадеӣ ва маҷмааи биноҳои бо услуби класситсизм бунёдгашта дорад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Новая российская энциклопедия. Т. II. М., 2005; Britanica. Настольная энциклопедия. Т. 1. М., 2009.

Манбаъ[вироиш | вироиши манбаъ]