Бахилӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бахилӣ, бухл, озмандӣ, зуфтӣ — яке аз хислатҳои зишту разила ва накӯҳидаву нописандидаи ахлоқӣ. Он ҳамчун худдорӣ ва имсок аз харҷ кардани моли худ ва ё манъи дигарон аз сарф кардани молашон дар мавридҳое, ки набояд онро боздошт, надодани чизе, ки онро бояд дод ва худдорӣ аз адои ҳуқуқи воҷиб зуҳур мекунад. Бахилӣ дар муқобили ҷуду карам ва саховату ҷавонмардӣ қарор дорад. Тарафи дигари Бахилӣ исроф, харҷи беҳудаи дороӣ ва зиёдаравӣ дар он аст. Дар бораи Бахилӣ нахустин бор адиби араб Ҷоҳиз китобе алоҳида ба номи «Бухало» («Бахилон») навишта, дар он саховатро сифати арабҳо ва Бахилиро сифати ғайриарабҳо арзёбӣ кардааст. Ӯ гуфтор, андешарониҳо ва истидлоли бахилонро дар бораи писандида будани Бахилӣ ва мумсикӣ бо забоне шевову дилнишин ва кинояомез баён намудааст. Мазаммати Бахилӣ яке аз мавзӯъҳои асосии адабиёти форсӣ-тоҷикӣ низ ба шумор рафта, аз ҷумла, он бадтарин беморӣ ва накӯҳидатарин хислати инсонӣ дониста шудааст. Дар бораи Бахилӣ ва бахил масалҳои фаровоне низ задаанд.

Бахилӣ боиси пайдоиши кинаву ҳасад, эҳсоси доимии нороҳатӣ ва беқарорию нооромӣ, эҷоди нифоқ дар дили инсон гашта, роҳату осоишашро аз байн мебарад. Аз оқибатҳои бади иҷтимоии Бахилӣ ривоҷ ёфтани дурӯғгӯӣ, бедодгарӣ, бераҳмӣ, бевафоӣ ва аҳдшиканӣ дар муносибат бо наздикону дӯстон ва пайвандон, аз байн рафтани ғамхорӣ ва меҳру шафқат, рӯҳи ёрию дастгирии афроди ниёзманди ҷомеа мебошад.

Ислом мардумро аз Бахилӣ қатъан манъ ва барҳазар дошта, онҳоро ба инфоқу ҷавонмардию саховат ташвиқ менамояд. Аз нигоҳи шариат, Бахилӣ ҳамҷинси куфру нифоқ буда, рӯзи қиёмат моли бахил бар гарданаш тавқи оташин мегардад (Қуръон: 3, 180), то ҳангоми марги бахил дар дили ӯ нифоқ боқӣ мемонад (Қуръон: 9, 76-77). Дар Қуръон вожаи Бахилӣ ва муштаққоти он ҳамагӣ 12 бор ва дар 8 оят омада, дар он арабҳои садри ислом ба Бахилӣ муттаҳам карда шудаанд. Сураи Қалам (оёти 17-32) шомили қиссаи ибратомӯзи «Соҳибони бӯстон» аст, ки дар он дар бораи пирмарди саховатманд ва фарзандони бахили ӯ сухан меравад. Тибқи ҳадис, биҳишт бар бахил ҳаром буда, бахил дуртарини офаридагон ба Худост. Баръакс, афроди сахию бахшанда, ки аз Бахилӣ дуранд, ба растагорӣ дар қиёмат мужда дода шудааст (Қуръон: 59, 9). Худованд онҳоеро муъминони комил хондааст, ки ба ҳангоми бахшиш аз исроф парҳез мекунанд ва аз Бахилӣ ҳам дурӣ ҷуста, дар байни ин ду ҳолат ҳадди миёнаро риоя менамоянд (Қуръон: 25, 67)

Бахилӣ дар тасаввуф пайравӣ аз ҳавои нафси саркаш ва хоҳишҳои нафсонӣ, тарки исорбартар гузоштани манфиати дигарон аз манфиати худ ва азхудгузаштагӣ аст. Тибқи таълимоти ирфонӣ, азбаски ҳадафи ниҳоии ориф ва соликро фонӣ шудан дар Ҳақ ташкил медиҳад, бинобар ин исор ва азхудгузаштагӣ бар вай воҷиб мебошад.

Аз нигоҳи ахлоқӣ бахил дунҳиммату пасттарин, фурӯмояву беқадртарини мавҷудот ба шумор рафта, дар назари мардум залилу беэътибор ва сазовори нафрину таҳқир аст ва бояд хорузор ва поймол шавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]