Бахмал (матоъ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


БАХМÁЛ, махмал, матоъи нимабрешими рангоранг ё якранг, ки пати нафис дорад. Навъҳояш (абрбахмал, пилтабахмал, духоба) бо гул ва пат фарқ мекунанд. Дар Самарқанду Бухоро аз асрҳои миёна истеҳсол мешуд. Дар Бухоро Бахмали гулдор мебофтанд, ки тораш абрешимину пудаш ресмонӣ буд. Самарқанд бо як навъи зебои Бахмали якранги гулобии баланд шуҳрат дошт. Бахмалро то солҳои 20 а. 20 асосан дастӣ мебофтанд. Тори Бахмал ду қабат аст: болоиаш абрешимӣ, ки аз он пат ҳосил мешавад ва заминаш аз абрешими хом иборат буда, барои нигоҳ доштани пуд хидмат мекунад. Бахмалбофӣ касби мураккаб ва меҳнатталаб буд. Баъди бофтан бо мили биринҷии химчамонанд ва поку пати онро тахту ҳамвор мебуриданд. Аз солҳои 20 а. 20 дар дастгоҳҳои дунавардаи шашгул ва панҷпо¬пушал мебофтанд. То замони Шӯравӣ аҳли дарбор ва дороён аз Бахмал либос медӯхтанд. Ҳоло дар корхонаҳои саноати сабук навъҳои гуногуни Бахмалро истеҳсол мекунанд. Ба Тоҷикистон Бахмал аз хориҷа ворид карда мешавад. Имрӯз низ дар Тоҷикистон аз матои Бахмал ба таври васеъ истифода мекунанд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]