Jump to content

Бахмир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


БАХМЍР, чашмаи гармоб ва хунуки минералӣ дар Помири Шарқӣ (ВМКБ). Б. 14 км ҷанубтар аз деҳаи Қизилработ, дар баландии 4060 м аз с. б. воқеъ аст. Дебиташ 1,4 л/с, ё дар як шабонарӯз 120 м3. Ҳарор. об 38°С, минералнокиаш дар як литр 4 г. Дар таркибаш ҳидрокарбонати натрий, кислотаи карбон, кислотаи метаборат дорад.