Бахт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ludovico Antonio Muratori, 1749

Бахт (форсӣ: بخت‎) — мафҳуми шуури ахлоқӣ, инъикоси маънии ҳаётест, ки инсонро ботинан аз шароити зиндагӣ, нерӯи тавоноӣ, имконоти маънавӣ, ахлоқӣ, ҷисмонӣ, аз амалӣ шудани марому вазифааш комилан қонеъ мегардонад. Бахт натиҷаи иҷрои мақсади шахс ва нишонаи барору комёбиҳои инсон аст. Дар фалсафаи атиқа Бахт яке аз принсипҳои асосии ҷаҳонфаҳмист. Ба қавли Эпикур, Бахт ҳаловат бурдан ва қонеъ гардондани майлу хоҳиш, набудани эҳсоси азобу шиканҷа аст. Ақидаи мазкур хилофи таълимоти идеализму тасаввуроти динӣ оид ба Бахт мебошад, зеро уламои динӣ фақат дар он дунё хушбахт шудани инсонро тарғиб мекунанд.

Файласуфони материалисти томарксистӣ Бахтро дар ҳаёти воқеии мардум ҷустуҷӯ карда бошанд ҳам, онро ба таври бояду шояд ҳаллу фасл кардан натавонистаанд. Мутафаккирон (Форобӣ, Ибни Сино, Насируддини Тусӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём ва дигар) ва шоирони классики форс-тоҷик Бахтро барои омма не, балки барои фард меҷустанд ва моҳияташро дар лаззати рӯҳонию ҷисмонӣ дида, онро ба таври гуногун васф намудаанд.

Ба ақидаи классикони марксизм Бахт дорои хислати таърихию синфист ва вобаста ба тағйироти ҳастии ҷамъиятӣ тағйир мепазирад. Ҳар ҷамъият зимни ахлоқи ҳукмрону принсипи он, шароити иҷтимоию иқтисодӣ, вобаста ба синну сол ва мавқеи синфӣ дар бораи Бахт тасаввурот ҳосил мекунад. Хушбахтӣ худпарастӣ нест. Бахт худ ба худ ба даст намеояд, зеро тақдири фард ба тақдири дигарон, халқ ва Ватан низ марбут аст. Аз ин рӯ, К. Маркс дар иншояш «Андешаҳои ҷавон дар интихоби касб» таъкид намуда буд, ки дар таърих хушбахт касонеанд, ки барои мақсади умум ва саодати дигарон мубориза бурда, соҳиби иззату эҳтиром гардидаанд, хушбахтии дигаронро саодати хеш донистаанд (нигар Маркс К., Энгелс Ф., Асарҳо, ҷ. 40). Бахти ҳар фард ба дастовардҳои тамоми ҷомеа вобаста мебошад, зеро хушбахтии шахс ба саодати кулли мардум алоқаманд аст. Аз ин рӯ, барои ба нафъи мардум, ояндаи дурахшони он хидмати бошуурона кардани ҳар фард Бахти бузург аст.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]