Jump to content

Бахтиёр Назирмадзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бахтиёр Назирмадзода
Бахтиёр Назирмадзода
Таърихи таваллуд 23 май 1972(1972-05-23)
Зодгоҳ

Бахтиёр Назирмадзода - муовини Раиси шаҳри Душанбе (аз 12 январи соли 2017)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бахтиёр Назирмадзода 23 майи соли 1972 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1994 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос, соли 2002 Академияи гумруки Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери соҳаи гумрук ва соли 2006 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Солҳои 1994-2008 дар вазифаҳои мутахассиси дараҷаи 3 дар Ширкати ҳуқуқи байналмилалии «Контракт», Мудири истеҳсолии ширкати байналмилалии иттифоқи ҳуқуқшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии Ширкати «Контракт» - и шаҳри Душанбе, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, сардори шуъбаи ҳамоҳангсозӣ ва такмили маъмурияти дорои андоз ва гумрук ва нозири калони раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукии Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2008-2010 Сардори Раёсати сармоягузорӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2010-2012 сардори Раёсати маркетинг ва танзими фаъолияти тиҷорат, сардори Сарраёсати таҳлили конъюнктураи бозор ва танзими фаъолияти тиҷоратии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 2012-2014 ба ҳайси Муовини Сардори Сарраёсати пешгӯии сиёсати сармоягузорӣ ва танзими рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз 12 июли соли 2014 то 12 январи соли 2017 дар вазифаи Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ кор мекард. 12 январи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.[1]