Бахтиёр (чашма)
Зоҳир
БАХТИЁР, (асли калима – бахтёр) чашмаи минералӣ дар Помири Шарқӣ (ВМКБ).
Дар хамии Сассиқкӯл, дар баландии 4010 м аз с. б. воқеъ аст. Дебиташ 2,5 л/с ё дар як шабонарӯз 220 м3. Ҳарор. об 7,5°С. Дар таркибаш ҳидрокарбонати натрию калсий дорад; миқдори намакҳои минералӣ дар 1 л об 2,1 г мебошад.
Манбаъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.