Бачадон (мазмунҳо)
Бачадон (лот. uterus)
Бачадони ҳайвонот
[вироиш | вироиши манбаъ]Лундакирмҳо, бандпоён, нармбаданон, бештари муҳрадорони дараҷаи паст (баъзеи моҳиёни тағоякдор ва ҳамаи моҳиёни устухондори зиндазо), як қисми обхокиҳо ва аксари хазандагон, парандагон ва ҳамаи ширхӯрон бачадон доранд. Дар бачадон-и хазанда ва парандагон тухми расида муваққатан ҷойгир мешавад. Дар бачадон-и ҳайвоноти зиндазо ё аз ҳисоби моддаҳои ғизоии тухм, ё аз ҳисоби моддаҳои ғизоии организми модар, ки ба воситаи машима (ҳамроҳак) ворид мешаванд, инкишофи ҷанин ба амал меояд. Сохти бачадон-и ширхӯрон гуногун аст. бачадон-и мақъаддорон (мурғобинӯл, ехидна) ҷуфт буда, ҳар якеаш алоҳида ба клоака кушода мешавад. бачадон-и халтадорон (кенгуру ва ғайра) ҷуфт аст ва ҳар якеаш ба маҳбали махсус кушода мешавад. бачадон-и ширхӯрони машимадор ҷуфт, тоқа ва мобайнӣ мешавад. Аз ҷиҳати чӣ гуна васл шудани тухмраҳа бачадон 4 навъ мешавад: бачадон-и дучанд (дар баъзе хояндагон, фил ва ғайра), дуқисма (дар баъзе хояндагон, жовандагон, дарандагон), душоха (дар дарандагон, ҳашаротхӯрон, китшаклон, ҷуфтсумон ва тоқасумон), одӣ (дар бештари болдастҳо, маймун ва одам).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бачадон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Феҳристи маъноҳои калима ё ибора бо пайвандҳо ба мақолаҳои дахлдор. Агар шумо ба инҷо аз матни мақолаи дигари Википедия равона шудед, лутфан, баргардед ва пайвандро дақиқ созед, то вай пайванди лозимаро нишон диҳад. |