Баширия
Баширия — гурӯҳе аз ғуллоти шиа, ки ба тафвиз гароиш дошта, дорои ақидаҳои хоссе дар бораи Имом Мусои Козим мебошад.
Таълимот
[вироиш | вироиши манбаъ]Асоси таълимоти гурӯҳро ақидаҳои Муҳаммад ибни Башир ташкил мекунанд. Масъалаи асосӣ иборат аз шакку тардидҳое мебошанд, ки баъди вафоти Имом Мусои Козим ба миён омадаанд. Муҳаммад ибни Башир ақида дошт: шахсе, ки мардум ӯро ба унвони Имом Мусо ибни Ҷаъфари Маҳдӣ хондаанд, фарзанди Имоми Содиқ нест. Имом Мусо ибни Ҷаъфар Маҳдии уммат аст, ки аз назарҳо пинҳон гашта, рӯзе зуҳур хоҳад кард. Баъди чунин шакку тардид нисбат ба имоми пас аз Мусо ибни Ҷаъфар падид омад. Саволе пайдо шуд, ки оё ӯ пас аз ҳабс шудан ба шаҳодат расид ё уруҷ кард ва ё бо марги табиӣ аз дунё рафт? Муҳаммад ибни Башир худро ба қатори воқифони воқеа ворид карда, мегуфт, ки Мусо ибни Ҷаъфар аслан ба зиндон по наниҳодааст ва он ки мардум мешиносанд, фарди ба ӯ монанде будааст. Мусо ибни Ҷаъфар аз дидаҳо пинҳон асту дар миёни мардум омадурафт ҳам кунад, касе аз ҳузури ӯ пай намебарад.
Муҳаммад ибни Башири Куфӣ аз маволии банӣ Асад ва устоди фанни шуъбадабозӣ буд. Барои чунин ақидаҳояш халифа ӯро ба марг маҳкум кард. Вале ӯ пайравони худро дошт, ки муддате ба гуфтаҳои ӯ содиқ монданд. Ин фирқа, бино бар иттилои маъхазҳо, аз се насл бештар фаъолият надошт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баширия / М. Ҳазратқулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- سعد بن عبد الله اشعری. المقالات و الفرق. تهران، ۱۳۴۲؛
- نوبختی حسن. فرق الشعة. به کوشش ریتر ح. استانبول، ۱۹۳۱