Башурвдара
Зоҳир
Башурвдара — пирях дар Помири Ғарбӣ.
Дар нишебии ҷануби қаторкӯҳи Язгулом ҷойгир аст. Дарозиаш 13,3 км, бараш 450–900 м; масоҳ. 22,8 км2. Ҳаҷми ях 1,43 км3. Нуқтаи болои пирях дар баландии 6000 м, поёнаш – 3540 м. Баландии хатти барф 4970 м. Забонаи пирях дар масофаи 6–7 км бо морена пӯшидааст. Аз пирях дарёи Хабарвихас (шохоби Ғудара, ҳавзаи дарёи Мурғоб) ибтидо мегирад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Башурвдара // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.