Jump to content

Баёнии Марворид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баёнии Марворид
Навъи фаъолият: шоир

Баёнии Марворид (форсӣ: بیانئ مروارید‎, Хоҷа Шиҳобуддин Абдуллоҳ; ? – 1516) — шоир, нависанда, хаттот ва мусиқидони форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Марворид лақаби падари Баёнии Марворид – Хоҷа Шамсуддин аст, ки аз шащри Кирмон ба Ҳирот кӯчида омад. Муддате дар Баҳрайн сафири Темуриёни Ҳирот буд. Ҳангоми зиндагӣ дар ин кишвар марворид ҷамъ кард ва баъди бозгашт ба дӯстонаш ҳадя мекард. Баёнии Марворид аз муқаррабони Алишери Навоӣ буд. Аз маълумоти тазкираҳо – «Оташкада»-и Озар, «Райҳонату-л-адаб»-и Мударрис Мирзо Муҳаммадалӣ, «Туҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ ва диг. ба Баёнии Марворид супориш шуда буд, ки таърихи ҳукмронии султон Ҳусайни Бойқароро ба назм дароварад ва он бояд маснавии панҷуми «Хамса»-аш мебуд. Аммо вай ин корро ба анҷом нарасонид. Аз Баёнии Марворид достони нотамоми «Хусрав ва Ширин» боқӣ мондааст. Аз маснавиҳои дигар «Хамса»-и Баёнии Марворид дараке нест. Маҷмӯаи ашъорашро бо номи «Мунису-л-аҳбоб» тадвин карда буд.

  • Алиев Г. Ю. Темы и сюжеты Низами в литературах народов Востока. М., 1985.