Jump to content

Баёнқулихон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баёнқулихон

Таваллуд асри XIV
Даргузашт 1358
Дудмон Chaghatayid dynasty[d]
Падар Q128693960?

Баёнқулихон (Буёнқулихон) — писари Сурғату (? – 1358) — хони улуси Чағатой (1348–1358). Аз авлоди Чағатойиҳо.

Дар асл умури давлатиро ба ҷойи Баёнқулихон амир Қазахон (Қазаған) сарварӣ менамуд. Соли 1358 Қазахон аз тарафи фитнагарон кушта шуд ва писари ӯ Абдуллоҳ якҷоя бо ҳокими Ҳисор – Баён-сулдуз, ҳокими Кеш (Шаҳрисабз) Ҳоҷӣ Барлос бар зидди Баёнқулихон сар бардоштанд. Дар муҳорибае, ки дар наздикии шаҳри Самарқанд рух дод, Баёнқулихон ба даст афтода қатл гардид ва ҳамон ҷо ба хок супурда шуд. Мақбараи Баёнқулихон, ки дар мавзеъи Фатҳободи шаҳри Бухоро, наздики оромгоҳи шайх Сафиуддини Бохарзӣ ҷойгир аст, яке аз намунаҳои беҳтарини меъморист.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]