Jump to content

Бағалбанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бағалбандтасма, зербанд, такбанд — ресмон, таноб ва ё порчаи махсуси қуфлакдор, ки бо он зинро бар пушти асп мебанданд ва онро зеркаш, нимастар низ ме­гӯянд. Дар китоби «Таърихи Фаришта» омадааст: «агар бағалбанд пора шудӣ, аз порчаҳои пок ҳар навъе, ки ёфтӣ, бад-он пайванд кардӣ».

Бағалбанд аз чарми ғафс сохта мешавад ва агар чарм борик бошад, онро дуқабата медӯзанд. Бари Бағалбанд тақр. 10-15 см ва дарозиаш тахминан 2 м аст. Дар ду тарафи Бағалбанд барои пайваст кардан ҳалқаҳои оҳанин часпонда шудааст. Вобаста ба шакли зин бағалбанд низ як, ду ва гоҳе се адад мешавад. Бағалбандро аз болои зин, ду паҳлуи асп ва аз бағалаш ҳалқавор печонида мебанданд. Вазифаи аслии бағалбанд зини аспро ба тавассути бағали асп маҳкам бастан аст, то он ҳангоми ба асп савор шудан мустаҳкам ва зин дар болои асп сахт устувор бошад. Дар гузашта подшоҳон, вазирон ва дигар шахсони сарватманд бағалбандро бо гулдузиҳои нозук ва ҳалқаҳои онро бо нуқраву тило оро медоданд.