Бағдод (мактаб)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Бағдóд» (ар. بغداد‎ ) — мактаб, наҳзати муҳимме дар сабки нигоргарии нусхаҳои хаттии исломӣ, ки дар охири 6 ба вуҷуд омадааст (гарчи таърихи кӯҳнатарин осори боқимондаи ин мактаб аз садаи VII пеш нест). Ин мактаб дар даврае, ки халифаҳои аббосӣ аз нав дар Бағдод қудрат ёфтанд, тараққӣ кард. Нахустин намунаҳои нигоргариҳои ин мактаб тасвирҳое мебошанд, ки дар тарҷумаи арабии рисолаи тиббии Диосқуридус (Диоскорид) ба номи «Ал-адвияту-л-муфрада» ё «Китобу-л-ҳашоиш» (соли 621) омадааст. Ин нақшҳо дорои унсурҳои суннати мактаби «Бағдод», яъне рангҳои тунд, таваҷҷуҳи устодона ба тарҳҳо ва чеҳраҳои зинда аст. Нигоргариҳо дар чорчӯби мушаххасе қарор нагирифта, балки матолиби матнро мусаввар карда, ғолибан дар лобалои сатрҳо низ давидааст.

Нигоргариҳое, ки барои нусхаҳои хаттии мухталифи мақомоти ҳарирӣ аз соли 622 то суқути шаҳр ба дасти муғулҳо (656) таҳия шудааст, аз ҷумлаи зеботарин осори наққошиҳои исломӣ аст. Зеботарин, комилтарин ва солимтарини ин нусхаҳо, ки ба соли 634 тааллуқ доранд, дар Китобхонаи миллии Париж нигоҳдорӣ мешаванд. Нақши дебочаи нусхае аз рисолаҳои «Ихвону-с-сафо» (китобат соли 686) нишон медиҳад, ки унсурҳои сабки мактаби «Бағдод» то охир маҳфуз мондааст. Ҳамин тасвир, ки дар Масҷиди Султон Сулаймон дар Истанбул низ мавҷуд аст, зимни ҳифзи ҳама ҷанбаҳои тазӣинии худ воқеиятро бо тамоми ҷузъиёт нишон медиҳад. Дар ин тасвир, ки муаллифони китобро бо котибонашон нишон медиҳад, чеҳраҳо беш аз ҳама диққатро ҷалб мекунад. Дар аввалҳои садаи XIV ин мактаб рӯ ба завол ниҳод ва наққошии ин хитта рафта-рафта бисёре аз хусусиятҳои мактабҳои муғулиро ба худ гирифт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]