Бақоии Саҳорантпурӣ
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Шайх Муҳаммад Бақоии Саҳорантпурӣ (форсӣ: بقائ سهارنتپوری; 1628, Саҳорантпури Ҳиндустон — 1683, ҳамон ҷо) — шоир, адиб ва муаррихи форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Гузаштагонаш аз авлоди Абдуллоҳи Ансорӣ буданд, ки аз Ҳирот ба Ҳиндустон рафтаву маскан кардаанд. Таълими ибтидоиро дар назди падараш гирифтааст. Сипас дар назди донишмандони маъруфи он давр Нурулҳаққи Деҳлавӣ ва Абдуллоҳи Сарҳиндӣ илм омӯхтааст. Пас аз таҳсил худаш ба тадрис пардохт. Бо ташвиқи бародараш Муҳаммадризо ҳамроҳи хоҳарзодааш Муҳаммадшафеъ ва Бахтовархон ном муқарраби ҳукмрони давр Аврангзеб ба хидмати Аврангзеб дохил шуда, ба таърихнигорию дабирӣ машғул гардидааст. Аз Б. С. асари таърихие бо номи «Миръоти ҷаҳоннамо» (таърихи умумӣ) боқӣ мондааст, ки дар гирдоварӣ ва тадвини он бародараш Муҳаммадризо ва хоҳарзодааш Муҳаммадшафеъ иштирок кардаанд. Дар китоб бахши илҳоқие мавҷуд аст, ки дар он шарҳи ҳоли шоирон ва намунаҳое аз эҷодиёташон оварда шуда, ба ҳамин сабаб онро «Тазкират-уш-шуаро» ҳам гуфтаанд. Ҳамқалами Бахтовархон дар таълифи китоби таърихии «Миръот-ул- олам» будааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- .دانشنامۀ جهان اسلام. ج. ۳. تهران، ۱۳۷۸ هـ. ش
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бақоии Саҳорантпурӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.