Бақои Тамошо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бақои Тамошо
Навъи фаъолият: шоир

Бақои Тамошо ибни Мулло Қурбон (форсӣ: بقای تماشا‎; с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири тоҷик (а. 17).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо тахаллуси «Тамошо» ва «Маонӣ» шеър мегуфтааст. Шахси таҳсилдида, аз улуми мутадовили давр баҳраманд будааст. Дар ма­ҳаллаи Мирсаид–Ошиқи Самарқанд зиста, ба касби баз­зозӣ (матоъфурӯшӣ) машғул будааст. Чун шоир ва шахси зарофатгӯй шуҳрат доштааст. Худро аз шогирдони Мирзо Бадеъи Ҷамолистонӣ (Ҷамолистон ба маънои Са­марқанд аст) медонист. Дар давраи исти­лои Самарқанд аз ҷониби Анӯшахони урганҷӣ роҳи Ҳиндустонро пеш гирифта, баъдан ба Ҳиҷоз рафтааст. Аз вуҷуди девонаш иттилое дастрас нагардидааст. Абёти зерин намунае аз ашъори ӯянд:

Аз хонақаҳ шитоб ба майхона дар баҳор,
Сархуш нишин ба соқию паймона дар баҳор!
Барги шукуфа нест, ки дар ҷустуҷӯйи шамъ
Парвоз мекунад пари парвона дар баҳор.
Чандон ки завқи хандаи миност дар дилам,
Дорам хумори гиряи мастона дар баҳор!
Чор аст рукни айши Тамошо, ҷуз ин махоҳ,–
Ашъору боғу соқию майхона дар баҳор.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Суханварони Сайқали рӯи замин. Д., 1973.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]