Бақо Содиқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бақо Содиқ
Бақо Қодирович Содиқов
Таърихи таваллуд: 13 июл 1941(1941-07-13) (82 сол)
Зодгоҳ: Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони синамо
IMDb: ID 0755686

Бақо Содиқ (Содиқов Бақо Қодирович; 13 июли 1941, Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон) — коргардони синамои синамои тоҷик ва ӯзбек, дорандаи ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ. Узви Иттифоқи киноматографистони СССР (1979). Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1993), Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон (1988)[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Факултаи режиссёрии Донишкадаи театриву-мусаввирии Тошкандро хатм кардааст (1967) ва курсҳои олии сенаристон ва коргардони синамои Москваро (1978) хатм намудааст. Аз соли 1961 ба киностудияи «Узбеккфилм» дохил гардида дар нақши асосии филми «Панҷ нафар аз Фарғона» иштирок намудааст.

Аз соли 1967 то 1993 дар «Тоҷикфилм» ба ҳайси коргардони синамо кор кардааст. Филмҳои таҳия намудаи ӯ:Гирдбод, Бухорои Шариф, Ҷосус, Ҷазира ва диг. Филмҳои ба навор гирифтаи Бақо Содиқов соҳиби ҷоизаҳои умумиитифоқӣ ва байналмилалӣ шудааст. Аз соли 1993 дар Узбекистон истиқомат мекунад[2].

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аввалин будан мушкил аст(филми ҳуҷҷатӣ). Филм Дорандаи дипломи кинофестивали байналмилалии мамлакатҳои Осиё, Африка ва Америкои Лотинӣ, Тошкент (ИҶШС, 1976).
  • Адонис XIV (филми ҳуҷҷатӣ). Филм Дорандаи ҷоизаи махсуси кинофестивали Мангейм (Олмон, 1986), Гран-при-и кинофестивали Берлини Ғарбӣ (1986), Гран-при-и кинофестивали Оденси (Дания, 1987); ҷоизаи махсуси кинофестивали 42 байналмилалии Канн (Фаронса, 1988).
  • Гирдбод. Филм Дорандаи дипломи кинофестивали байналмилалии «Бастау» (Алма-Ата, 1989)[3][4].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Сомонаи «Тоҷикфилм»
  2. Бақо Қодирович Содиқов
  3. Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе, 2012.
  4. Сомонаи Тоҷикфилм. 6 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 марти 2017.