Баҳманча
Зоҳир
Этой статье нужно больше ссылок на другие статьи для интеграции в энциклопедию. |
[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]
БАҲМАНЧÁ, Баҳман, Баҳманҷаҳ,
1) яке аз сурудҳои маросимию мавсимӣ, ки Борбади Марвӣ барои маросиму ҷашнҳои шоҳони сосонӣ тасниф кардааст ва бо номи Баҳманҷана маъмул будааст. Бино бар тавсифи манобеи хаттӣ, Баҳманча ба қисми дуюми силсилаҳои шеърию мусиқии «Хусравониёт»-и Борбад мансуб аст;
2) навои мусиқӣ, ки ба муносибати ҷашни Баҳман (Баҳманҷана) эҷод шуда, дар санъати мусиқии асрҳои 11–12 чун яке аз гӯшаҳои созии мусиқӣ маъмул будааст. Дар мусиқии имрӯзаи тоҷик бо ин ном тарона ё навои мусиқӣ вуҷуд надорад.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Раджабов А. Борбад, эпоха, традиция и новаторства. Д., 2010;
Ҳамон. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои 1V–V11. Д.,2011.
- А. Раҷабов.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.