Баҳори Бадахшон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Шаблон:Underlinked


«БАҲÓРИ БАДАХШÓН» بهار بدخشان, тазкираест, ки Сайид Абдулкарим Ҳусайнии Бадахшӣ байни солҳои 30–40 а. 20 навиштааст. Бо эпиграфи

Яке пири хирадманде мукаррар гуфт дар гӯшам,

Бадахшон беҳ, Бадахшон беҳ, Бадахшон беҳ

оғоз меёбад. Сипас муқаддимаи мухтасаре омадааст. Қисми асосии тазкира шарҳи ҳоли 183 нафар шоири манотиқи гуногуни кӯҳистони Бадахшон ва мавзеъҳои наздик ба Бадахшон – Дарвоз, Файзобод, Тавилдара, Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон ва дигар ҷойҳоро дар бар мегирад. Ба ғайр аз шарҳи ҳоли шоирону адибон муаллифи тазкира аз эҷодиёти онҳо намунаҳо овардааст. Шоирону адибон аз рӯйи тахаллус ва ё номашон ба тартиби алифбои форсӣ ҷой гирифтаанд. Маълумоти тазкираи «Баҳори Бадахшон» дар муқоиса бо дигар тазкираҳо мукаммалу ҷолибтаранд. Муаллиф оид ба таҳсили шоирони кӯҳистон дар марказҳои илму маърифати он давр – Бухорову Самарқанд, робитаи шоирони кӯҳистон бо доираҳои адабии ин шаҳрҳо маълумоти пурарзиш додааст. Масалан, шоирон Мавлоно Бадахшӣ, Бадахшонӣ, Туркӣ, Ҷамолӣ, Ҳазин, Доии Дарвозӣ, Шавқии Дарвозӣ ва дигарон дар Бухоро таҳсил карда, дар доираҳои адабии он шаҳр шуҳратманд гардида буданд. Дар «Баҳори Бадахшон» инчунин дар бораи робитаҳои адабии аҳли эҷоди Бадахшон бо Кобул (Афғонистон) ва Ҳинд низ маълумот дарҷ гардидааст. Ба ин доираи адабии Ҳинд шоирон Муҳаммадҷалил, Тахорӣ Ёрмуҳаммад, Муҳаммадтоҳир, Муҳаммадсиддиқ ва дигарон, ки дар Ҳиндустон таҳсил карда, дар ҳамон ҷо ба эҷоди асарҳо оғоз карда буданд, робита доштанд. Адибону шоирон Раҳмат, Ноҷӣ, Ҷурмӣ ва дигарон рӯ ба Кобул ниҳода буданд. Муаллифи «Баҳори Бадахшон» доир ба маҳорати шоирон дар кори эҷод, сурудани анвои гуногуни шеър, соҳбдевон будан ё набудани ашхоси мавриди тазаккур таваққуф намудааст. Масалан, оид ба шоире бо номи Раҳмат (Лаъли Бадахшон) маълумот дода, нигоштааст, ки ӯ ба забонҳои форсӣ, арабӣ ва урду шеър гуфта, панҷ девон доштааст:

Ба Кобул чор девон гуфта будам, баъд аз ин, Раҳмат,

Кунун девони панҷумро кунам дар Андароб охир.

Дар тазкираи «Баҳори Бадахшон» маълумоти ҷуғрофиёӣ низ ба назар мерасанд. Масалан, ҳангоми баёни шарҳи ҳоли Мавлоно Бадахшӣ, ки ҳамроҳ бо Исматуллоҳи Бухороӣ дар рикоби Улуғбек буданд, дар хусуси марзи Бадахшон чунин овардааст: «...аз Кошғар ва Хутан шарқан, баъзеаш ба Туркони Туркистони Чин ғарбан, Янгиқӯрғони байни яди Тошқӯрғони мавҷуда шарқан, Ҳисори Шодмон ва Қалъаихум, Қаротегину Дарвози Мовароуннаҳр, ҷанубан Ҳавракӯтал ва роҳи ҷанубии Чиртол ва кӯҳҳои Ҳиндукуш...». «Баҳори Бадахшон» ба табъ нарасидааст. Дастнависаш дар Бойгонии миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маҳфуз аст.

Манбаъ[вироиш]