Баҳор Мирзорабеи Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


БАҲÓР Мирзорабеи Бухороӣ
Зодгоҳ ш. Балашихаи вилилояти Маскави Россия

БАҲÓР Мирзорабеи Бухороӣ (с. таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (а. 19).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз маълумоти манбаъҳои адабии садаи 19, махсусан, «Туҳфату-л-аҳбоб»-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, ки бо Баҳор шарикдарс будааст, бармеояд, ки Баҳор таҳсили улуми мутадовиларо ба анҷом расонда, чун шахси донишманд ва шоир шуҳрат ёфт. Пас аз хатми таҳсил дар мадрасаи Заргарон дарс медод. Алфозаш дар нигоштаҳояш тозаву рангин, «маҳкаму заррин» будааст. Абёти зерин аз ӯст:

Хату зори ту бисмиллаҳи каломи мубин,

Чун Хизр нурфишон дар таҷаллиёти яқин.

Яке зи соҷиди абрӯт нуҳ равоқи сипеҳр,

Чӣ гӯямат, ки туӣ қиблаи макону макин.

Агар на сарви қадат беҳ зи нахли фирдавс аст,

Дили замона чаро моил аст з-он бар ин.

Лабат зи чашмаи ҳайвон басе шараф дорад,

Ҳалок кай шавад он кас, ки нӯшадаш ба яқин.

Хаёли чашми туам баски нашъаҳо дорад,

Ба шиша санг занам, бодаро диҳам нафрин.

Намоз дар хами абрӯш воҷиб аст, Баҳор,

Сарат ба саҷда равад чун арақ ба сӯйи ҷабин.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Абибов А. Ганҷи Зарафшон. Д., 1991.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]