Баҳор (деҳа дар н. Ҷаббор Расулов)
Зоҳир
БАҲÓР (собиқ Кичикдам), деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов. Аз Баҳор то маркази ноҳия 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 320 нафар (2012). Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби шаҳраки Пролетар таҳсил мекунанд. Бунгоҳи тиббӣ ва 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Томчисой ба воситаи пойгоҳи обкашӣ обёрӣ мешаванд.
Манбаъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.