Jump to content

Баҳоуддин Қутбиолам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


Баҳоуддин Қутбиолам
БАҲОУДДЍН Қутбиолам Абумуҳаммад Абдуллоҳ
Таърихи таваллуд 1388(1388)
Зодгоҳ ш. Учаи Покистон
Таърихи даргузашт 1454(1454)

БАҲОУДДЍН Қутбиолам Абумуҳаммад Абдуллоҳ (1388, ш. Учаи Покистон – 1454, Батуҳи Аҳмадобод), яке аз намояндагони машҳури силсилаи тасаввуфии Суҳравардия дар Ҳинд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Набераи Ҷалолуддин Махдуми Ҷаҳо¬ниёни Бухорӣ ва аз ин рӯ, дар баъзе маъхазҳо бо лақаби Махдуми Ҷаҳониёни Сонӣ ёд шудааст. Хонадони ӯ аз аҳли Бухоро буданд ва насабаш низ ба Ҷаъфари Мусанно (бародари Имом Ҳасани Аскарӣ) рафта мерасид. Дар Покистон ба мадраса рафт, дар 10-солагӣ аз падар ятим монд ва сарпарастии ӯро амаки падараш Шоҳ Раҷуҳаттол ба уҳда гирифт.

Соли 1399 озими ш. Патна шуд ва дар он ҷо ба яке аз муридони бобояш Музаффаршоҳи I ошноӣ пайдо кард. Улуми зоҳирию ботиниро аз Алишери Гуҷаротӣ фаро гирифт, сипас муриди Шайх Аҳмади Паҳтов шуд ва ҳамин муршид ба Баҳоуддин хирқа пӯшонда, лақаби «Қутби олам»-ро дод. Баҳоуддин дар назди дигар бузургон, ба мисли Махдум Ҳусайнии Бухороӣ, Садруддин ибни Аҳмади Ачӣ, Нуриддин Абулфутӯҳи Шерозӣ ва дигар донишу биниши худро дар силсилаи тасаввуфии Суҳравардия такмил намуд. Соли 1411 аз Патна ба Аҳмадобод омада, дар Патуҳ ном деҳи он шаҳр иқомат ихтиёр кард. Дар мадраса дарс медод ва дар ҳамон ҷо вафот кард. Оромгоҳаш маҳалли зиёрати мардум гашта буд. Подшоҳони темурии Ҳинд низ борҳо ба зиёрати мазораш омадаанд. Пас аз ваф. Баҳоуддин писари калонаш Шоҳиолам халифа ва ҷонишини вай гардид.

ابوالفضل علامی. آینه اکبری. لکهنو، ۱۸۹۳؛ لعل بدخشی. لعلبیک. ثمرت القدث. تهران، ۱۳۷۶؛ دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. ج ۱۲. تهران، ۱۳۸۳ هـ. ش

  • М. Ҳазратқулов.