Баҳра
Зоҳир
Баҳра (форсӣ: بهره) — ба маънии бахш, ҳисса, қисмат, насиб, суд фоида аст. 2. Ба маънии бел. Аммо истилоҳи Б. дар мутуни таърихӣ ба маънии навъе аз хироҷи қуруни вустои Осиёи Марказӣ ва Эрон омадааст. Б. ғолибан навъи «муқосса»-е аст. Дар асри муғул ва темуриён Б. саҳм аз маҳсулест, ки ба суди девони марказӣ ситонида мешуд. Дар манобеи таърихӣ истилоҳоте чун баҳраи моликона низ ба чашм мехӯрад, ки он ба маънии саҳми маҳсул ва бар асоси ақди тарафайн ба молик (заминдор) мерасад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳра / Л. Бойматов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Бойматов Л. Д. Социально-экономическое положение Центральной Азии в XIII –XIV вв. Д., 2009.