Баҳрини Дарвозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳрини Дарвозӣ
Навъи фаъолият: шоир

Баҳрини Дарвозӣ (форсӣ: بحرین دروازی‎, Баҳрӣ), Нурулҳақ валади Мавлоно Абдулҳай валади Мавлоно Абдулқаҳҳор (1860, деҳаи Сангевни Дарвоз — 1915, ҳамон ҷо) — шоири тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

То 15-солагӣ дар назди падараш таҳсил кард. Баъдан падараш барои идомаи таҳсил ӯро ба назди яке аз шахсони донишманди Дарвоз Махдуми Аълам бурд. Б. аз Махдуми Аълам аксар илмҳо аз қабили риёзиёт, ҳикмат, фалакиёт, ҳандаса, мантиқ, фалсафаро омӯхт ва баъдан устодаш дар назди шогирд оҷиз монд. Бо маслиҳату тавсияи Махдуми Аълам Б. барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафт. То ба Бухоро омадан Б. чун шахси донишманд шуҳрат ёфта буд. Баъзе мударрисони мад-расаи Кӯкалтош, ки Б. дар он ҷо ба таҳсил шурӯъ кард, ин ҷиҳати корро эътироф менамуданд. Дар муддати 10 соли таҳсил доираи донишу фазилати Б. боз ҳам васеъ гардид. Пас аз хатми таҳсил ба тадрис машғул шуд. Дар атрофи ӯ чанде аз толибилмон ҷамъ омаданд ва роҷеъ ба масоили илмӣ баҳс меоростанд. Обрӯву эътибор пайдо кардани Б. боиси рашку ҳасади баъзе «уламо» гардид ва сафи душманонаш афзуд. Ба ҳамин сабаб вай Бухороро тарк карда, ба зодгоҳаш баргашт. Мадрасаеро обод кард ва ба тадрис машғул шуд. Дар баробари илму дониш Б. аз шеъру шоирӣ низ огоҳии комил дошт. Девони ашъораш дастрас нагардидааст, вале дар аксар тазкираҳову баёзҳои а. 19 ва ибт. а. 20, дар «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) шеърҳои дар анвои гуногуни адабӣ сурудаи Б. сабт гардидаанд. Забони ашъори Б. содаву равон аст. Вай аз пайравони сабки хуросонӣ буд. Мавзӯъҳои ашъораш ирфон, ишқ, баёни баъзе масоили фалсафиву ахлоқӣ ва ғ. мебошад. Абёти зерин аз ӯянд:

Дили девона бо мушкинхате то ошно кардам,
Саропои вуҷудам лоласон доғи ҷафо кардам.
Муҳаббат дорадам дур аз шукӯҳи ғайратомезӣ,
Ҷабини саҷдафарсо дар раҳаш чун нақши по кардам.
Ҷунунэҷод будам аз нигоҳи диққатомезе,
Зи шӯри толеъ акнун кори Маҷнун ибтидо кардам.
Дилам хун шуд зи истиғнои он номеҳрубон, ё Раб,
Ки дашноме надодам он қадар, ӯро дуо кардам.
Ба ёди орази гулгашти шӯхи бевафо дишаб
Чу булбул дар гулистон аз фироқаш нолаҳо кардам.
Румузи ишқбозӣ шеваи фитрат намедонад,
Зи хуни дида фаршу бистари худ бӯриё кардам.
Бурун рафт аз сарам савдои васли ҷаннату Ризвон,
Кунун ман орази гулгуни ӯро муддао кардам.
Шикебоӣ рабуд аз хотири ман шӯри ҳиҷронаш,
Чу най даврони ҳастӣ сар ба сар вақфи наво кардам.
Надорад иқтидору тоқати дигар дили Баҳрин,
Макун з-ин сон тазаллум, в-арна бар ҳақ додҳо кардам.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҳабибов А. Ганҷи парешон, Д., 1984.
  • احمد نجیب الله. سخنوران دروازی. کابل، ۱۳۴۹