Баҳри Кайҳоннавардон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Баҳри Кайҳоннавардон?
Характеристики
Площадь698 600 км²
Наибольшая глубина4,798 м
Расположение
66°00′00″ а. ҷ. 44°00′00″ т. ш.HGЯO

Баҳри Кайҳоннавардон — баҳри канорӣ дар қисми ҳиндии Уқёнуси Ҷанубӣ, байни Замини Эндерби (дар Афина) ва Баҳри Рисер-Ларсен. Масоҳ. 698,6 ҳазор км2. Умқи қисми бештараш зиёда аз 2000 м, ҷойи амиқтаринаш беш аз 5000 м. Қариб тамоми сол сатҳи баҳр бо яхпораҳои шиновар ва айсбергҳо пӯшида шудааст. Қисми зиёди соҳилҳои Б. К. асосан бо девораҳои яхини нишеб, ки баландиашон то 20–40 м аст, иҳота шудаанд. Яке аз ҷанубтарин баҳри олам буда, сардтар аз Баҳри Гренландия аст. Дар қаъри баҳр обсабзҳои сурхранг мерӯянд, он макони зисти голотурияҳо, ситораҳои баҳрӣ, тортанак ва хорпушти баҳрист. Дар соҳили Б. К. пойгоҳҳои таҳқиқотии «Молодёжная» (Россия) ва «Сёва» (Ҷопон) воқеанд. Ширкаткунандагони экспедитсияи арктикии шӯравӣ с. 1962 баҳрро ба шарафи нахустин кайҳоннавардон чунин ном гузоштаанд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]