Баҳри Шарқи Хитой
Характеристики | |
---|---|
Наибольшая глубина | 2 719 м |
Средняя глубина | 309 м |
Ҷойгиршавӣ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Баҳри Шарқи Хитой (чинии сунатӣ: 東海, сода: 东海, пинйин: Dōng Hǎi, палл.: Дунхай; куриёӣ: 동중국해, ҷопонӣ: 東シナ海) — баҳри нимкушод дар Уқёнуси Ором, дар байни соҳилҳои шарқии Осиё ва ҷаз. Тайван (Хитой) ва ҷаз-ҳои Нансей, Кюсю, Рюкю (Ҷопон).
Масоҳаташ 838 ҳазор км². Чуқурии миёнааш 309 м, чуқурии бештараш дар қисми шарқӣ — то 2719 м. Иқлими Баҳри Шарқи Хитой мувофиқи мавсим тағйир меёбад. Дар як сол ду-се маротиба аз Ҷ. ба Шим. тӯфон ва шамоли тундбод хеста, қитъаи баҳрро бурида мегузаранд. Мадди баҳр номураттаб ва нимшабонарӯзӣ буда, баландии он дар соҳилҳои Хитой то ба 3,7-7,5 м, дар ҷаз-ҳои Нансей ва Кюсю ба 2,5-2,7 м мерасад. Ҳарор. об февр. дар шим. ғарби баҳр аз 7-8°С дар Ҷ. Ш. то 16-20°С; авг. дар ҳамаи қисматҳои баҳр 26-29°С. Шӯриаш 30-34 дарсад. Дар наздикии резишгоҳи дарёҳо об то 10-12 дарсад ширинтар мешавад. Моҳидорӣ ривоҷ ёфтааст. Асосан шӯрмоҳӣ, мормоҳӣ, сардина, самак, камбала, зағӯтамоҳӣ, харчанги баҳрӣ, трепанг (ҳайвони баҳрии хӯрданбоб) ва обсабзҳои баҳрӣ мавриди истифода мебошанд. Аз Б. Ш. Х. роҳҳои муҳимми баҳрӣ мегузаранд. Ба баҳр дарёи Янсзи мерезад. Бандарҳои бузургаш: Шанхай, Ханчжоу (Хитой), Нагасаки (Ҷопон).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳри Шарқи Хитой // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.