Баҳромбеки Табрезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳромбеки Табрезӣ

Баҳромбеки Табрезӣ фарзанди Нақдибек (форсӣ: بهرام بيک تبريزی‎; с. тав. ва ваф. номаълум) — хаттот ва хушнависи настаълиқ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Аббосободи Исфаҳон зиндагӣ мекард. Марди оромтабиат буд ва настаълиқро хуш менавишт. Дар баҳор ба китобат ва дар замистон ба пӯстиндӯзӣ машғул буд. Агарчи зиндагиро ба сахтӣ мегузаронд, миннати касе намекашид ва худ дар байте ин маъниро сурудааст:

Кист аз мо тангрӯзитар, ки доим ризқи мо
Ояд аз шаққи қалам, ё дидаи сӯзан бурун.

Дар шеър «Баёнӣ» тахаллус мекард. Ҳангоми таълифи «Тазкираи Насрободӣ» (ҳудуди с. 1678/79) дар қайди ҳаёт буд. Аз осори хаттотии ӯ чизе пайдо нашуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • مهدی بيانی، احوال و اثار خوشنويسان، تهران، ۱۳۴۵