Баҳроми Гӯр ва канизаки ӯ Дилором
«Баҳроми Гӯр ва канизаки ӯ Дилором» (форсӣ: بهرام گور و کنیزک او دلارام) — яке аз достонҳои адабиёти омиёнаи форс-тоҷик.
Ҳикоятест дар бораи Баҳроми Гӯр ва канизакаш Дилором. Баҳрому Дилором дар шикоргоҳ пири хоркашро дучор меоянд. Баҳром донист, ки он хоркаш ҳамномаш мебошад, дар ҳайрат афтод. Дилором гуфт, ки ин пир зани кадбону надорад, бинобар он дарвеш аст. Баҳром аз ин гуфтори ӯ ба қаҳр омада, Дилоромро ба пир бахшиду гуфт, ки ту кадбонуӣ, ӯро шоҳ бикун. Дилором бо пир рафта, дар муддати кӯтоҳ хонаи ӯро обод кард, шаҳр сохт, сипоҳ фароҳам овард. Овозаи шоҳи нав ба Баҳром расид. Ӯ пирро пеши худ даъват кард ва ӯро падар хонд. Он гоҳ Дилором худро ба Баҳром ошкор сохт ва гуфт, ки ин пир ҳамон хоркаш аст. Достони «Баҳроми Гӯр ва канизаки ӯ Дилором» аҳаммияти тарбиявӣ дорад. Дар он мақоми зан дар ҷомеа, қудрату тавоноии ӯ дар оилаву рӯзгор тарғиб шудааст. «Баҳроми Гӯр ва канизаки ӯ Дилором» дар «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» (ҷ. 3, Д., 1985) ба табъ расидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳроми Гӯр ва канизаки ӯ Дилором / Қ. Чиллаев // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.