Баҳром, Ҳоҷӣ
Зоҳир
Навъи фаъолият: | нависанда |
---|
Баҳром (форсӣ: بهرام) Ҳоҷӣ (қарни 16) — шоири тоҷик (а. 16).
Дар тазкираҳо (мас., «Ништари ишқ»-и Ҳусайнқулихони Азимободӣ) чун шахси фозилу донишманд, шоири ширинкалом ёд шудааст. Дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил карда, сипас ба тадрис машғул шудааст. Пас аз хатми таҳсил чун шоир ном баровард ва ҳукмрони давраш ба ӯ унвони маликушшуароро дода буд. Ин байт аз ӯст:
Як чашм задан ғофил аз он моҳ набошам,
Тарсам, ки нигоҳе кунам, огоҳ набошам.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳром // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- حسینقلی خان عظیم آبادی. نشتر عشق. دوشنبه ، ۱۹۸۱