Баҳром Гадоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳром Гадоев
Иттилоъоти инфиродӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Тахассус таэквон-до

Баҳром Гадоев (18 марти 1996, Тоҷикистон) — варзишгари тоҷик (таэквон-до). Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон (2007), чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004—2013), чемпиони мусобиқаҳои байналмилалӣ (Душанбе, 2010, 2011), ғолиби Чемпионати Осиё байни наврасон (Непал, 2014). Чемпиони ҷаҳон байни наврасон (Душанбе, 2014), дорандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон байни калонсолон (Булғория, 2015). Донишҷӯи курси факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Айни ҳол мураббии Федератсияи Таэквон-до ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]