Баҳром Иноятзода
Jump to navigation
Jump to search
Баҳром Иноятзода | |
---|---|
Иноятзода Баҳром | |
Таърихи таваллуд: | 1 декабр 1960 (60 сол) |
Зодгоҳ: | Кӯлоб , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Таҳсилот: | Донишгоҳи техникии Тоҷикистон |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Баҳром Иноятзода - меъмор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зиндагинома[вироиш]
Баҳром Иноятзода 1 декабри соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст.Миллат: тоҷик. Соли 1983 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (он замон Институти политехникии Тоҷикистон)-ро рӯзона хатм кардааст. Ихтисос: архитектураи биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истарвшан.
- Солҳои 1983-1985 — инспектори инспексияи давлатии сохтмони шуъбаи сохтмон ва меъмории Комиҷроияи вилояти Хатлон;
- Солҳои 1985-1988 — мудири сектори инспексияи давлатии сохтмони шуъбаи сохтмон ва меъмории Комиҷроияи вилояти Кӯлоб;
- Солҳои 1988-1990 — сардори бюрои лоиҳакашии байниноҳиявии шуъбаи сохтмон ва меъмории Комиҷроияи вилояти Хатлон;
- Солҳои 1990-1993 — сардори бюрои лоиҳакашии худтаъминкунии шуъбаи меъмории шаҳриКӯлоб;
- Солҳои 1993-2003 — Сармеъмори шаҳри Кӯлоб;
- 01-10 соли 2004 — сардори гурӯҳи назоратии инспексияи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон;
- Солҳои 2004-2005 — муҳандиси сохтмони марказии ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншоотҳои инфраструктураи иҷтимоӣ;
- Солҳои 2005-2007 — сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе;
- Солҳои 2007-2008 – директории ҶДММ “Архиком-к” дар шаҳри Душанбе;
- Солҳои 2008-2014 – сардори Раёсати сиёсат дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Солҳои 2014-2017 – муовини раиси вилояти Хатлон;
- 03-12 соли 2017 – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан;
- Аз 12 июли соли 2017 то инҷониб раиси шаҳри Истаравшан мебошад.
- Аз 27 июли соли 2018, №21 - узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]
Мукофот ва ҷойизаҳо[вироиш]
Бо Медали Хизмати шоиста аз соли 2012, сарфароз гардидааст.
Сарчашма[вироиш]
- ↑ Иноятзода Баҳром(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.