Баҳси корбар:Тулӯъи футбол/Бойгони 2017 12 17
Ба корбар RUMI (Footbal flooder)
[вироиши манбаъ]Ба корбар RUMI (Coding life style), (Footbal flooder). Барои саҳматон дар пайванди футболбозони ҷаҳон бо ВК тоҷикӣ (зиёда аз 2 800) ташаккур. Чунки шумораи мақолаҳои ВК тоҷикӣ афзудааст.--Шухрат Саъдиев (talk) 14:08، 9 октябри 2017 (UTC)
Шаблон ва гурӯҳҳо
[вироиши манбаъ]Корбар:Footbal flooderи гиромӣ! Ба ҷои шаблони {{таърихи таваллуд ва син}} дар {{Варақаи футболбоз}} {{СанаиТаваллуд}}-ро гузоред. Ҳамчунин гурӯҳҳои Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо, Гурӯҳ:Варзишагарон аз рӯи алифбо, Гурӯҳ:Футболбозон аз рӯи алифбо-ро ба таври дастӣ нагузоред, чун худи шаблони {{Варақаи футболбоз}} онҳоро ба таври худкор мегузорад. Бо эҳтиром --VASHGIRD (talk) 17:04، 10 октябри 2017 (UTC)
Саҳмгузорӣ
[вироиши манбаъ]Ташаккур, барои саҳми арзанда дар зиёд намудани шумораи мақолаҳои ВП тоҷикӣ. Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 17:13، 15 октябри 2017 (UTC)
- Ташаккур! Тулӯъи футбол (talk) 17:40، 15 октябри 2017 (UTC)
Articles
[вироиши манбаъ]Thanks for the creation of the articles. They are appreciated.
I just have one request. Are you using a bot? You are creating them very fast. Artix Kreiger (talk) 02:43، 16 октябри 2017 (UTC)
Меъёри саршиносии афрод
[вироиши манбаъ]Корбари гуногунном! Лутфан, дигар мақолаҳои кутоҳ насозед! Чун ба меъёри саршиносии афрод дар Википедияаи Тоҷикӣ созгор нест! Мақолаҳо аксарият ба дигар забонҳо пайваст нестанд. Мақолаҳо умуман дар дигар фаслҳои Викпедия ба ҷуз Википедияи Англисӣ мавҷуд нест!!!
Ҷойи нигаронӣ аст, ки ВТ 117 000 мақола дошта бошаду он ҳам 50 дарсадаш дар бораи ким кадом футболбози ғайрисаршиноси хориҷӣ! Агар инҷо Википедияи Англисиро бо ВТ қиёс карданӣ бошед, пас сахт иштибоҳ кардед! Чун дар ВА ин мақолаҳо ҳам пурра сохта шудаанд, ҳам забони англисӣ аҳаммияти ҷаҳонӣ дорад ва ҳам мақолаҳо дар бораи чунин футболбозон дар қиёс бо дигар мақолоти илмию боаҳаммият фоизи камеро ташкил медиҳад.
Ҳар нафаре ки дар мактабаш ҳаб як бор бози кардааст, дар ВТ ҷояш медиҳед? Ҳамаи ин футболбозон барои худи ҳамон кишварашон аҳамият доранду барои тоҷикзабонон не! Ва агар муҳиммията барои ягон донандаи забони тоҷикӣ дошта бошад, он нафар худ ҳамин қадар мақолаи СТАБ-ро аз дилхоҳ забон хоҳад фаҳмид! Шумо боре фикр кардед, ки баъди шумо кӣ ин мақоларо пурра хоҳад кард? Агар мехоҳед мақолаи пурра эҷод кунед, агар не, пас дигар мақола насозед. Барои ВТ шумора не, балки сифат аҳамияти бузург дорад. Ҳамчунин мақолаҳои эҷодкардаатон нодуруст тарҷума ва ҷумлабандӣ шудаанд((( Бо уммеди дарк намудани масъулият --Дӯстмурод Саид (talk) 08:09، 16 октябри 2017 (UTC)
- Корбари гуногунном! Лутфан, дигар мақолаҳои кутоҳ насозед!
- Корбар Дӯстмурод Саид, барои чи фикратон якбора дигар шуд? Ба фикрам аз оғоз дида истодаед, ки мақолаҳо кӯтоҳанд...
- Чун ба меъёри саршиносии афрод дар Википедияаи Тоҷикӣ созгор нест!
- Мақолаҳо аксарият ба дигар забонҳо пайваст нестанд.
- Кадомҳо?, ин ҳалшаванда аст.
- Мақолаҳо умуман дар дигар фаслҳои Викпедия ба ҷуз Википедияи Англисӣ мавҷуд нест!!!
- Мантиқ дар чист?, дар ВП тоҷики ҳаст мақолаҳое, ки ба ҷуз Википедияи Русӣ мавҷуд нест, ва инчунин дар Википедяи Русӣ ҳаракати тарҷумаи футболбозони ҷаҳон ва алалхусус мақолаҳо дар бораи футболбозони Амрикои Лотини тарҷума карда истодаанд...[notes 3]
- Албатта дар ин тарафи хубашро дидан лозим аст, ки Википедияи Тоҷикӣ аввалин шуда тарҷума карда истодаст.
- 50 дарсадаш дар бораи ким кадом футболбози ғайрисаршиноси хориҷӣ!
- Ғайри шинос барои, кӣ?
- Агар инҷо Википедияи Англисиро бо ВТ қиёс карданӣ бошед, пас сахт иштибоҳ кардед!
- Чиашро қиёси кардаам?, Бо ВТ русӣ, себуани ё ӯзбекӣ қиёсӣ кунам?
- Чун дар ВА ин мақолаҳо ҳам пурра сохта шудаанд
- Пас ба маълумоти Шумо мерасонам, ки дар ВА ҳам мақолаҳои нопурра дар бораи футболбозон ҳаст ва на танҳо дар бораи футболбозон....
- ҳам забони англисӣ аҳаммияти ҷаҳонӣ дорад
- Пас бармеояд, ки мақолаҳои дар ВП тоҷикӣ ягон аҳамият надорад, зеро аксарияти мақолаҳо аз дигар забонҳо тарҷума ёфтаанд.
- ...мақолаҳо дар бораи чунин футболбозон дар қиёс бо дигар мақолоти илмию боаҳаммият фоизи камеро ташкил медиҳад.
- Ҳа, шароити ҳозира ҳамин хел ҳаст, насиб шавад дар ВП тоҷикӣ ҳам чунин мешавад...
- 'Ҳар нафаре ки дар мактабаш ҳаб як бор бози кардааст, дар ВТ ҷояш медиҳед?'
- Он нафарҳо "ҳар нафар" нестанд, зеро онҳо ба қоидаи "Саршиносӣ"ии ВП Руси ва Англисӣ ҷавобгӯ буда ақаллан дар бошгоҳҳои касбӣ боззӣ кардаанд.
- Ҳамаи ин футболбозон барои худи ҳамон кишварашон аҳамият доранду барои тоҷикзабонон не!
- Барои чи? .... барои мисол дар ҳар забоне, ки дарбораи футболбоз мақола навишта шудааст, ҳаст мақола дар бораи футболбозе ки аз дигар кунҷи замин мебошад.
- Бар замм он дар ВП Тоҷикӣ ҳаст мақолаҳои зиёд дар бораи деҳаҳои Русия...барои қазоват...
- Ва агар муҳиммията барои ягон донандаи забони тоҷикӣ дошта бошад, он нафар худ ҳамин қадар мақолаи СТАБ-ро аз дилхоҳ забон хоҳад фаҳмид!
- чихеле ки гуфтам бисёри мақолаҳои нопурраи ВП тоҷикӣ дар дигар забонҳо ҳаст, пас ин тавр бошанд, сохтани онҳо ҳам бемантиқ. Ҳаст нафароне, ки дигар забонҳои бегонаро надонанд.
- Шумо боре фикр кардед, ки баъди шумо кӣ ин мақоларо пурра хоҳад кард? Агар мехоҳед мақолаи пурра эҷод кунед, агар не, пас дигар мақола насозед.
- Хусусияти ВП ҳамин ки дилхоҳ одами хоҳиш дошта "вироиш" карда метавонад, Дар оғоз ВП тоҷикӣ (инчунин дигар забонҳо) бисёр мақолаҳои нопурра доштанд, имрӯзҳо дидан мумкин аст, ки онҳо аста аста пур ва компил ёфта истодаанд. Зин сабаб ёфт мешаванд нафарони ҳавасманде, ки пурра намоянд. Мақолаҳои нопурра сохтаи ман магар зарар мерасонад? Не! ба одамони хоҳишдор муҳити тайёри кор барои навиштани мақолаҳо бе фикри пайвасткуни ба дигар забонҳо, гузоштани шаблон ва ё гурӯҳҳои "стандартӣ", ки ҳамаи ин вақти зиёдатиро мегирад, инчунин барои навкорон ё нафароне, ки танҳо дар доираи як мақола кор мекунанду бас.
- Барои ВТ шумора не, балки сифат аҳамияти бузург дорад.
- На танҳо дар ВТ ба сифат аҳамият медиҳанд, лекин шумора ба сифат монеа намерасонад.
- 'Ҳамчунин мақолаҳои эҷодкардаатон нодуруст тарҷума ва ҷумлабандӣ шудаанд.'
- Тарҷумаи нодуруст ислоҳшаванда мебошад, дар бора ҷумалабанди аниқтар кунед...
Тулӯъи футбол (talk) 10:15، 16 октябри 2017 (UTC)
- Сипоси зиёд, барои таваҷҷуҳ ва навиштани посух! Фикри банда замоне иваз шуд, ки дар ниҳоят каме зиёдаравӣ карда ба огоҳии мудирон аҳаммият надодед, ҳамчунин саршашмаи муътаббар дар мақолаҳо зикр нашуд... Имкон бошад, ягон Фейсбук, Вайбератонро нависед, дар баъзе масоил бо шумо суҳбат карданиям. Бо эҳтиром --Дӯстмурод Саид (talk) 10:23، 16 октябри 2017 (UTC)
- Facebook: [1] ё Тулӯъи Футбол
- Тулӯъи футбол (talk) 10:35، 16 октябри 2017 (UTC)