Jump to content

Баҳси корбар:Dushanbe Life

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Салом. Лутфан мақолаи Soro Ahmadova-ро аз саҳифаи корбар гирифта онро ҳамчун мақола дар чаҳорчӯбаи Википедияи тоҷикӣ вироиш намоед. Корбар:TITANTJ (баҳс) 19:10, 10 январи 2023 (UTC)

Салом Soro Ahmadova бояд ба Точики нависта шавад? Dushanbe Life (баҳс) 14:18, 10 январи 2023 (UTC)

Бидуни сарчашмаи муътабар навиштани мақола ва он он ҳам дар бораи шахсиятҳое, ки саршинос нестанд, хилофи тамоми қавоъиди Викинависӣ аст. Лутфан мақолаҳоро дар бораи афроди саршинос ва бо зикри сарчашмаи муътаббар нависед. Дӯстмурод Саид (баҳс) 15:20, 10 январи 2023 (UTC)


Албатта ба забони тоҷикӣ ва ҳатман ҳамчун мақола навишта шавад на ин ки шумо вироиш кардаед. Ҳоло ҳамчун саҳифаи корбар омадааст, ки ин ба қоидаҳои Википедияи тоҷикӣ рост намеояд. Масалан ба мақолаи овозхон Садриддин Наҷмиддин нигаред. Агар нофаҳмо бошад ман метавонам бо иҷозати шумо онро вироиш созам. Корбар:TITANTJ (баҳс) 19:23, 10 январи 2023 (UTC)

Бале Ичозат медихам Dushanbe Life (баҳс) 14:26, 10 январи 2023 (UTC)

Холо метавонед акс илова кунед? Dushanbe Life (баҳс) 14:32, 10 январи 2023 (UTC)

Ҳоло наметавонем. Бояд муддате ин мақола дар Википедияи тоҷикӣ аз назари мудирони Википедияи тоҷикӣ ва вироишгарони бо маҳорат гузарад. Банду баст, назарсанҷӣ ва ислоҳотҳо даровардашуда сипас мумкин аст, ки расмҳои мувофиқ ба ин мақола ворид карда шаванд. Корбар:TITANTJ (баҳс) 19:51, 10 январи 2023 (UTC)

Соро Ахмадова

[вироиши манбаъ]

Холо ягон мушкилли дигар хаст? Dushanbe Life (баҳс) 15:21, 10 январи 2023 (UTC)

Саропо мушкил дорад! Лутфан пеш аз эҷоди мақола бо ин роҳнамоҳо шинос шавед! Дӯстмурод Саид (баҳс) 15:24, 10 январи 2023 (UTC)
узр мехохам,якумбор аст Википедия менависам! Dushanbe Life (баҳс) 15:36, 10 январи 2023 (UTC)
Маслиҳат медиҳем, дар аввали коратон кушиш кунед саҳифаҳои пештар эҷодшударо вироиш кунед ва сипас ба эҷоди мақолаҳо шурӯъ кунед. Мо мехоҳем, ки мақолаҳо ба қоидаҳои Википедиа ҷавобгӯ бошанд. Ғамхории мо ба он равона шудааст, ки саҳифаҳои эҷодшуда талаботи донишномаро риоя кунанд, чунки саҳифаҳои бесарчашма ҳазф хоҳанд шуд. Омӯзиши асосҳои қоидаҳои вироиши мақолаҳо имкон медаҳад, ки кӯшишатон бомуффақият ба анҷом расад. Дӯстмурод Саид (баҳс) 15:46, 10 январи 2023 (UTC)
ҳозир ин саҳифаи ман ҳазф намешавад? Dushanbe Life (баҳс) 15:50, 10 январи 2023 (UTC)
Албатта ҳазф мешаванд! Чун ширкати шумо продюсерии Соро Аҳмадоваро бар уҳда дорад!
Хоҳишмандем, доир ба ин мавзӯъ мақола нанависед:
  • дар бораи худ;
  • дӯстони худ;
  • гурӯҳи мусиқии худ;
  • сомонаи худ;
  • ширкати худ;
  • корҳои шахсии худ.
Чунин мақолаҳо, дар муддати кӯтоҳ (бе мубоҳиса) ҳазф (пок) карда мешаванд. Дӯстмурод Саид (баҳс) 15:53, 10 январи 2023 (UTC)
Ман ҳамаи инҳоро омода карда ба шумо фиристам мешавад? то ягон иштибоҳе накунам. Dushanbe Life (баҳс) 15:57, 10 январи 2023 (UTC)
Ниёзе ба фиристодани шум нест, ҳаминки шахс саршинос бошаду дар борааш манобеъи муътабар навишта бошанд, мо вироишгарон инҷо мақоларо эҷод мекунем. Дӯстмурод Саид (баҳс) 16:04, 10 январи 2023 (UTC)
Ташаккури зиёд Dushanbe Life (баҳс) 16:07, 10 январи 2023 (UTC)