Баҳси корбар:Nomvar Kurbonov
فارسی | |
Роҳнамои қадамҳои аввалин
Акнун Шумо метавонед на фақат мақолаҳоро дар Википедиа хонед, боз Шумо метавонед мақолаҳоро вироиш кунед ва ё мақолаи худро ба Википедиа ирсол кунед. Барои дар Википедиа чӣ тавр мақола навиштан аз ин ҷо бинед. Муҳтавои Википедиа таҳти иҷозаномаи Creative Commons Attribution-ShareAlike (CC-BY-SA) ва иҷозаномаи GFDL дастрас аст. Шумо метавонед бо литсензияи GFDL дар инҷо ва Creative Commons Attribution-ShareAlike (CC-BY-SA) шинос шавед.
Ёрӣ
Иттилооти бештарро метавонед дар вуруди корбарон пайдо намоед. Шумо боз метавонед саволҳои худро дар ин ҷо нависед Роҳнамо ё дар канали IRC #wikipedia-tg (бевосита аз дигарон бипурсед). Инчунин шумо метавонед бо яке аз мудирон дар тамос бошед ё дар саҳифаи баҳси яке аз онҳо саволи худро нависед. |
Чизҳои хуб ва роҳнамоиҳо
Ба хатое роҳ додед ё дучор шудед?
| |
(P.S. Барои ин паём мехоҳед пешниҳоди худро нависед?) |
Новар Қурбонов КАЛИМАИ ТОҶИК ДАР АШЪОРИ БУЗУРГОН
Сози нофаҳмидагӣ кӯк аст, ку илму чи фазл? Ҳар куҷо дидем, баҳси турк бо тоҷик буд. (Бедил)
Турку тоҷикро ба якдигар Хасмиву гирудор мебинам. (Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ)
Шаш ҷиҳат рушан зи тоби рӯйи ӯ, Турку тоҷику араб ҳиндуи ӯ. (Иқбол)
Кист, к-аз ғами ишқаш ҷон бадар тавонад бурд, Дайлам аст ё курд аст, турк ё ки тоҷик аст. (Ҳоҷиби Шерозӣ)
Шояд ки ба подшаҳ бигӯянд Турки ту бирехт хуни тоҷик. (Саъдӣ)
Бипурс ҳоли ман аз чашми худ, ки ин маънӣ Ҳикоятест, ки маълуми турку тоҷик аст. (Салмони Соваҷӣ)
Чу яксон аст он ҷо турку тоҷик, Ҳам аз Эрон ҳам аз Тӯрон дареғо. (Аттори Нишопурӣ)
Тоҷики гарданкаши лашкаршикан, Бештарӣ найзавару теғзан. (Амир Хусрави Деҳлавӣ)
Зи Чину Мочин якрӯя то лаби Ҷайҳун Зи Турку Тоҷик в-аз Туркмону Ғузву Хазар. (Унсурӣ)
Он сарвболо кист он, к-аз васф лол астам забон, Дар ишқи ӯ девона шуд ҳам турку тоҷику араб. (Ғавси Гелонӣ)
Ту фитна кардиву тоҷику турк муттаҳаманд, Ки раҳ ба фитна гушоданд мулки султонро. (Қоонӣ)
Ғариқи раҳмати ӯ дуру наздик, Ғуломи ҳиммати ӯ турку тоҷик. (Қоонии Шерозӣ)
Фитнаҷӯи ҳамлабар чун ишқ нест Дар миёни турку тоҷику араб. (Муҳаммад Асири Лоҳиҷӣ)
То ки бад-ин турфа хиёли сутурк Тоза кунад ёрии тоҷику турк. (Маликушшуъаро Баҳор)
В-аз Тахористон маро гар дур созад хасми дун, Ҳаст назди узбаку тоҷик ҷоҳу фар маро (Маликушшуъаро Баҳор)
Турке ҳама туркӣ кунад, тоҷик тоҷикӣ кунад, Ман соъате турке шавам, як лаҳза тоҷике шавам. (Мавлоно)
Шуд ғайрати кору бори ишқат Зуннор миёни турку тоҷик. (Назирии Нишопурӣ)
Гуфт ӯ турк ҳасту ман тоҷик, Лек дорем хешии наздик. (Абдурраҳмони Ҷомӣ)
Резахори наволаи карамаш Турку тоҷику бандаву озод. (Ҳотифи Исфаҳонӣ)
Ассалом дӯсти гиромӣ. Лутфан, дар бораи худ мақола эҷод накунед, чун ба меъёри зарурияти энсиклопедӣ рост намеояд. Шумо бояд на кам аз унвони номзади илм ва соҳиби ягон ҷоизаи давлатӣ дошта бошед, то ки ба ин меъёр дуруст гирад. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 09:41، 13 Апрел 2016 (UTC)
Ассалом дӯсти гиромӣ. Мақолаи Номвар Қурбонов ба 7-ум талаботи ВП:СМП ҷавобгӯ аст ва аз ҳамин сабаб барқарор шуд. Дастурамал ҳоло дар сатҳи тарҷума ва қабул нашудааст, лек фикр мекунам, ки қабул мешавад. Ташаккур барои диққат ва узр барои саросемагӣ. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 13:26، 21 Апрел 2016 (UTC)
Мақолаҳои ғайрэнсиклопедӣ (ғайривикипедӣ)
[вироиши манбаъ]Салом Номвари гиромӣ! Мақолаҳои эҷодкардаи шумо ҳамагӣ берун аз қолаби энсиклопедю википедӣ мебошанд. Лутфан, онҳоро махсус барои Википедиа аз нав таҳрир намуда, баъдан инҷо гузоред. Бо эҳтиром --Дӯстмурод Саид (talk) 14:00، 13 Апрел 2016 (UTC)