Баҳси корбар:Salomzoda

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Саломзода Самаридин 17 апрели соли 1995, дар оилаи деҳқон ба дунё омада, соли 2007 мактаби миёнаро ба итмом расонидааст. Баъд аз хатми дабистон ба факултети физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2012 бо дипломи аъло хатм намудааст. Соли 2013 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантура шомил гардида, онро соли 2016 рӯи ихтисоси физикаи муҳитҳои конденсӣ ба поён расонидааст. Фаъолияти кориаш аз вазифаи мутахассиси Агентии обуҳавошиносӣ (2008-2010) оғоз гардида, баъдан дар вазифаҳои муаллими фанни физикаи Мактаби Президентӣ дар ноҳияи Данғара (2010-2012), ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ (2012-2015) ва муҳаррири маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» (2015-2020) идома кардааст. Аз соли 2016 ассистенти кафедраи Физикаи  факултети Энергетикаи ДТТ ва ҳамзамон, аз соли 2018 раиси Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошад. Аз моҳи июни соли 2021 то имрӯз дар вазифаи муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология-и АМИТ фаъолият дорад. Саломзода Самаридин зиёда аз 40 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ, 100 мақолаи илмӣ-оммавӣ, 2 шаҳодатномаи ихтироот (патент), 3 монография ва 3 китоби дарсӣ мебошад. Ҷоизаи АМИТ барои олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ (2016) Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017)-ро ба даст овардааст.

Ба таваҷҷӯҳи Корбар:Salomzoda[вироиши манбаъ]

Ба таваҷҷӯҳи Корбар:Salomzoda

  • Аввал андеша намоед, ки мақолаатон барои Донишномаи энсиклопедии электронӣ [Википедияи тоҷикӣ] ягон арзише дорад ё не? Википедиа - рӯзнома ва маҷаллаи чопӣ, ё веб-сайт нест.
  • таблиғи (реклама)-и зиндагиномаи муаллифи навкор, макони зисти «муаллиф, инчунин асардуздӣ - айнан кӯчонидани мақола бе ишораи (иқтибос) аз сарчашма (нигаред:Википедиа:Сарчашмаҳои муътабар) дар tg.wikipedia.org мумкин нест. Чунин вироишот бегуфтугӯ ҳазф (пок) карда мешавад.
  • Роҳнамои Википедияро омӯзед [Википедиа:Вироиши_мақолаҳо]. Сипас, дар навиштани мақолаи энсиклопедӣ (донишномаи электронӣ), дар ислоҳу таҳрири имлои забони тоҷикӣ ва иловаҳо ба мақолаҳои нашршудаи Википедиаи тоҷикӣ, саҳм гузоштан хоҳед, кӯшиш кунед.
  • Огоҳномаи мудирони Википедияро дар саҳифаи баҳс ҳазф намудан манъ аст.

Мақолаҳоро нахустинатонро дар Сиёҳнавис [Инкубатор/Сиёҳнавис] нависед.

Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (баҳс) 18:11, 21 марти 2022 (UTC)[reply]