Jump to content

Баҳс:Басманда

Page contents not supported in other languages.
Иловаи унвон
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Latest comment: 4 рӯз пеш by Amirjunior1190 in topic Ба Vashgird админ

Ба Vashgird админ

[вироиши манбаъ]

Ман корбаре ҳастам, ки саҳифаи Википедияро дар бораи деҳаи Басманда таҳрир намудам. Мақсади ман баён кардани таърихи аслӣ ва таҳлили этимологии номи Басманда буд, ки дар асоси манбаъҳои илмӣ, таҳқиқоти забоншиносӣ ва маълумоти таърихии вобаста ба тақвими суғдӣ омода шудааст.

Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба таҳрирҳои ман аз нигоҳи мундариҷа ва арзиши таърихӣ баҳо диҳед. Таҳлили ман пурра асоси илмӣ дорад ва мақсади асосии он ин аст, ки дар бораи ин деҳаи бостонӣ маълумоти мукаммал ва боэътимод дар Википедия ҷой дода шавад.

Ман ҳамчунин шаблон (инфобокс)-ро бо риояи формати дуруст пур кардам ва омодаам ҳамаи нуқсонҳоро, агар бошанд, ислоҳ кунам.

Агар ягон камбудӣ ё сабаби баргардонидани таҳрирҳо вуҷуд дошта бошад, хоҳиш мекунам маро огоҳ созед, то онро бо ҳамкорӣ беҳтар созем.

Бо эҳтиром

@amirjunior Amirjunior1190 (баҳс) 04:58, 9 июли 2025 (UTC)Reply

Дуруд! Сипос барои саҳмгузорӣ дар Википедияи Тоҷикӣ! Аммо шумо бояд қабл аз вироиш ба дастуру роҳнамоҳои Википедия бояд шинос бишавед. Таҳлилу баррасӣ ва таҳқиқи дасти аввал дар Википедия мамнӯъ аст. Лутфан бо ин ДАСТУР шинос шавед. Дар ҳоли риоят нашудани дастуру роҳнамоҳои Википедия мақолаи шумо вогардонида мешавад. Дӯстмурод Саид (баҳс) 06:46, 9 июли 2025 (UTC)Reply
Дуруд ва сипос барои роҳнамоӣ ва посухи мутавозеъ.
Ман бо эҳтиром гуфта метавонам, ки мақолаи пешниҳодшуда дар бораи деҳаи Басманда танҳо бар асоси манбаъҳои илмии чопшуда ва сарчашмаҳои боэътимод таҳия гардидааст. Аз ҷумла ман ба мақолаи илмии Раҳимов Н.Т. ва Аюбов А.Р. такя намудам, ки дар он номи қадимаи Марсманда дар робита ба Басманда зикр мешавад. Инчунин ба асари Абурайҳон Берунӣ истинод шудааст, ки манбаи сарчашмаӣ ва торихӣ мебошад.
Ман худ таҳлил ё фарзияи дасти аввал накардаам, балки тавсиф ва шарҳи мазмуни манбаъҳо ва назари муҳаққиқонро дар шакли энсиклопедӣ овардаам.
Ман ба роҳнамо ва сиёсати «таҳқиқи дасти аввал» (WP:OR) арҷ мегузорам ва мекӯшам, ки ҳамаи ҷузъиёти мақола бар асоси сарчашмаҳои нашршуда ва бо истинод ба онҳо бошад. Агар баъзе қисмҳо эҳтиёҷи бозбинӣ доранд, омодаам дар ҳамкорӣ бо Шумо онҳоро дақиқ кунам ва ба талаботи Википедия мутобиқ гардонам.
Бо эҳтиром
@Amirjunior1190 Amirjunior1190 (баҳс) 10:29, 9 июли 2025 (UTC)Reply
Сипос барои дарк кардану пазируфтан, умедворам мақоларо бар пояи манобеъи муътабар бознависӣ хоҳед кард. Барори кор! Дӯстмурод Саид (баҳс) 11:18, 9 июли 2025 (UTC)Reply
Мӯҳтарам муҳаррирони гиромӣ,
Ман тамоми тавсияҳо ва роҳнамоиҳои Википедияро бодиққат омӯзида, талаботҳоро пурра риоя кардам. Ҳатогии пешинаи техникӣ ва норасоиҳоро ислоҳ намудам ва боэътимодтарин манобеъро (аз ҷумла, таҳқиқотҳои илмӣ ва асарҳои классикӣ) бо истинодҳои возеҳ ва дақиқ илова кардам. Ҳар матн бо силка (истинод) тасдиқ шудааст.
Бо эҳтиром мехоҳам арзи худро баён кунам, ки мақсадам танҳо пешниҳоди маводи ҳақиқӣ ва муътамад ба хонандагон ва дӯстдорони фарҳангу забони тоҷикӣ мебошад. Ман омодаам ҳамкории судмандро барои ислоҳ ва такмили мақола дар ҳамоҳангӣ бо қоидаҳои Википедия қабул кунам.
Аз шумо хоҳиш мекунам, ки матни воридкардаи маро бозпас нагардонед ва дар сурати зарурат бо ман барои ҳамкорӣ ва ислоҳот дар тамос шавед.
Бо эҳтиром ва сипосгузорӣ
Амир Гафури @ Amirjunior1190 (баҳс) Amirjunior1190 (баҳс) 11:22, 9 июли 2025 (UTC)Reply

Varshid admin

[вироиши манбаъ]

Мӯҳтарам муҳаррирони гиромӣ,

Ман тамоми тавсияҳо ва роҳнамоиҳои Википедияро бодиққат омӯзида, талаботҳоро пурра риоя кардам. Ҳатогии пешинаи техникӣ ва норасоиҳоро ислоҳ намудам ва боэътимодтарин манобеъро (аз ҷумла, таҳқиқотҳои илмӣ ва асарҳои классикӣ) бо истинодҳои возеҳ ва дақиқ илова кардам. Ҳар матн бо силка (истинод) тасдиқ шудааст.

Бо эҳтиром мехоҳам арзи худро баён кунам, ки мақсадам танҳо пешниҳоди маводи ҳақиқӣ ва муътамад ба хонандагон ва дӯстдорони фарҳангу забони тоҷикӣ мебошад. Ман омодаам ҳамкории судмандро барои ислоҳ ва такмили мақола дар ҳамоҳангӣ бо қоидаҳои Википедия қабул кунам.

Аз шумо хоҳиш мекунам, ки матни воридкардаи маро бозпас нагардонед ва дар сурати зарурат бо ман барои ҳамкорӣ ва ислоҳот дар тамос шавед.

Бо эҳтиром ва сипосгузорӣ

Амир Гафури @ Amirjunior1190 (баҳс) 11:21, 9 июли 2025 (UTC)Reply