Jump to content

Баҳс:Роҳи Каҳкашон

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гурбаи сиёҳ дар хонаи торик

[вироиши манбаъ]

Аз операторҳои Бейсик то синфҳои Си шарп,
Кардам ҳама мушкилоти барномарезиро ҳал,
Берун ҷастам, зи ҳар багу лага,
Гар мантиқе фаҳмо шуд, магар мантиқи админи ин Википедия.

Дуруд корбари то ба ҳол ношинос! Ман ба дониши барноманависии шумо офарин мегӯям, агарчӣ донистаниҳои донишномаии хубе ҳам доред, аммо ҳамеша мехоҳед ончиро шумо фикр мекунед, ё хондаеду қабул доред дар Википедия айнан ҳамон бошад! Мутаассифона онро ҳам худсарона, бидуни ҳеч кудом машварате бе зикри сарчашма (ба ҷуз хулосаи худатон) дар Википедия ҷой менамоед... Хуб, мегузарем ба асли матлаб, ки чаро вироиши шуморо вогардонидам? Чу вироиши шумо бидуни зикри сарчашма, фақат бо овардани хулосаи кутоҳе аз шахси худатон буд, дар ҳоле ки ман ин мақоларо бар пояи мақолаи ГАЛАКТИКА-и Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навиштаму онро донишмандони соҳа навиштаву муҳаррирони варзидаи муассисаи Донишномаи миллии тоҷик вироишу таҳрир ва ба қолаби донишномаӣ дароварданд. Дар китоби ЭМТ ду мақола тақрибан ба ҳамин ном (ГАЛАКТИКА ва ГАЛАКТИКАҲО) вуҷуд дорад, ки дар аввалӣ галактика бо ҳарфи калон (Галактика) ҳамчун исми хос аст ва ман онро дар Википедия ҳамчун мақолаи Роҳи Каҳкашон овардаму чун номи дувум Галактикаро дар канораш (ва бо баромади вожаву овардани маънии аслӣ) гузоштам. Шумо хуб медонед, ки ман ҳамеша побанди дар аввалгузоштани вожагони илмӣ ба забони тоҷикӣ (форсӣ) ҳастам ва бештар аз шумо мехоҳам, ки ин мақола на Галактика бошад, балки ҳамон Роҳи Каҳкашон (замоне ки ниёкони мо Роҳи Каҳкашонро медонистанд, русҳо дар бораи ахтаршиносӣ чизе намедонистанд) навишта шавад, аммо дар зеҳни мардуми намакахӯрдаи шуравӣ то ҳол ҳамон истилоҳоти азшӯравибозмонда шах шудаву нақш бастааст, бино бар ин салоҳ медонам, ки то замони пурра ҳазм шудани вожагони сирф тоҷикӣ (форсӣ) номи рус-тоҷикии он ҳамчун номи дувум пас аз номи аслиии мақолот навишта шавад...
- Бо камоли эҳтиром ва умеди дур шудани ҳама гуна гумону кина ва ҳамкориҳои густарда дар навиштан ва эҷоди мақолаҳои тоҷикӣ ва созгор ба манофеъи миллӣ --Дӯстмурод Саид (баҳс) 01:39, 30 июли 2020 (UTC)[ҷавоб додан]