Баҳс:Фаридун Сафаров

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ба фикри ман, ҳамин мақола ва ҳама мақолаҳои дигар, ки оид ба соҳибкорон, овозхонҳо, варзишгарон ва ғ. вироиш шаванд ва такмил дода шуда мукаммал гардонида шаванд. Чун дар Википедияи русӣ, олмонӣ, фаронсавӣ низ ин гуна мақолаҳо бе мамониат вироиш мешаванд. Энсиклопедияи анъанавие, ки дар шакли коғази пас аз солҳои дароз як бор нашр мешаванд, аллакай хонандагони худро то андозае аз даст додаанд. Маълумотҳои кӯҳнаи Энсиклопедияҳо танҳо ба кормандони илмӣ ва олимону донишмандон қиматнок аст. Замони ҳозира, ки бо интернет пайвандии зич дорад, ба чунин мақолаҳо ниёз дорад. Албатта аз чунин мақолаҳо анбори дониши хонандагон пурғановат намешавад. Аммо ҷиддӣ назарсанҷи кунед ва мебинед, ки ҳама мақолаҳо хонандагони худро доранд. Бигузор дар Википедияи тоҷикӣ ҳама чизе, ки дар Википедияи умумимиллӣ қабул шудааст вироиш гардад.

Ман ҳам ба ҳамин фикрам, дар бораи блогерону овозхонҳо ва соҳибкорон, ки дар қаламрави Тоҷикистон хеле маъруф ҳастанд ва дар бораашон каму беш сайтҳову рӯзномаҳо навиштаанд меъёри саршиносӣ каме осон гирифта шавад, чун ҷомеъаи Тоҷикистон чандон ҷомеъаи бузурге нест, ки меъёрҳои саршиносиро айнан чун меъёрҳои русӣ, инглисӣ қолабрезӣ кунем. Аммо мақолаҳое ки ҳеч сарчашмае надоранду маъруфияташон ҳам ба як ноҳия ё минтақа маҳдуд аст, бояд бешак ҳазф карда шаванд. --Дӯстмурод Саид (баҳс) 15:48, 5 январи 2023 (UTC)