Jump to content

Баҳс:Фотиҳа (сура)

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Пурра нусхабардорӣ. Мақоларо бо таври иншо навистан лозим аст - яъне фаҳмидаатонро. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 19:38، 12 Июн 2016 (UTC)

Қуръонро наметавон ҳамчун иншо навишт...

[вироиши манбаъ]

Барои нигоштани мақола дар бораи Қуръон ва Ислом далелҳо бояд муътамад бошанд, ва онро нафаре навишта бошад, ки олими Ислом аст, ва мо корбарони Википедия, ки аз ин улум на он қадар огаҳем, пас моро мебояд, мақоларо аз уламои саршиноси ислом копи карда бошем... Бо эҳтиром --Дӯстмурод Саид (talk) 19:47، 12 Июн 2016 (UTC)

Ман нагуфтаам, ки Қуръонро бо таври иншо бояд навишт. Аз сайтҳо нусхабардорӣ дар ҳолате равост, ки аз он иқтибос карда бошед. Мисол:

Нақли фаҳмидаи шумо........................................... ва дар ин боб Номи иқтибоскарда чунин навишта:

фалон баҳмадон

— фалон

Бояд қайд кард, ки ҳаҷми иқтибос агар аз 3/1 қисми ҳаҷми нақлшуда бо таври иншо зиёд бошад, истифода бурдани шаблони иқтибос номатлуб аст, чун аз рӯи нутқи танзим хуб нест ва мақола то сатҳи баргузида ҳеҷ вақт намерасад. Мисол шаблони иқтибос, ки шумо дар сураи «Бақара» истифода бурдед, бе матн умуман нагуфта истодааст. Рости гап гуфтани набудам, аммо фикр мекунам агар нагӯям, намешавад. Ман ин коро ду сол пеш хоҳиши кардан доштам, аммо меҳаросидам, ки хато бисёр мешавад. Чанде пеш хоб дидам: «Ту ҳамин корро бояд пеш бари» гуфтам: «мавзӯоти васеъ ва нозук, хато бисёр мешавад» ҷавоб кӯтоҳ буд: «Танҳо намемони» ва исботи ҳамин «Танҳо намемони» аз муаллима сар шуд, чун ният доштам пас аз комил гардондани таёраҳои сураҳо ба таёраҳои ҳуруфот гузарам ва боқимонда мақолаҳое, ки ба дин вобастаанд эҷод ва комил гардонам. Дирӯз муаллим ба ҳуруфот дастрас шуданд, шумо ба сураҳо ва ин боз як исботи «Танҳо намемони», аммо ин маънои онро надорад, ки ба нусхабардорӣ роҳ дода мешавад. Барои ҳамин. Масъалаи сарчашмаи муътамад аз рӯи нутқи Википедиа: Сарчашмаи соҳибистиқлоли дасти дувум, ки сарчашмаи соҳибистиқлоли дасти аввалро иқтибос кардааст, сарчашмаи боэътимод номида мешавад. Бинобар ин, Қозиёти Тоҷикистон муътамад ба ману шумо ва умуман ба ҳамаи тоҷиконе ки дар мазҳаби Имом Абу Ҳанифа ҳастанд ва аз рӯи нутқи Википедиа беғараз нест. Барои ҳамин матнро, ба ҷуз иқтибосҳое ки аз Қуръон, ҳадисҳо ва ривоятҳо оварда шудаанд, бо таври иншо нависед ва хуб мешавад агар дар зерсаҳифаи Тафсир ҷой кунед, ҳамчун тафсири исломӣ. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 14:46، 13 Июн 2016 (UTC)

Фаҳмо, аз ин пас ҳатман мекушем то чунин нашавад. Бо эҳтиром--Дӯстмурод Саид (talk) 15:17، 13 Июн 2016 (UTC)