Jump to content

Баҳс:Ҷоизаи «Оскар» барои беҳтарин пӯёнамоии кӯтоҳ

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Лутфан, вироиш накунед

[вироиши манбаъ]

Вақте мақолаҳоеро, ки шумо "молик"-аш ҳастеду ҳеч касе ҳақ надорад вироишаш кунад, пас ин саҳифаро ман сохтам, дигар кор нагиредаш!!! Ҳар коре мехоҳед дар мақолаи худатон Филми беҳтарини аниматсионии кӯтоҳ (Ҷоизаи «Оскар») анҷом диҳед! --Дӯстмурод Саид (баҳс) 06:26, 25 феврали 2021 (UTC)[ҷавоб додан]

Пайванди забониро ба мақолаи ман чаро иваз мекунед.

[вироиши манбаъ]
Ҳар муаллиф аз сарчашмаҳои муътабар (тарҷумашуда аз ВП бошад ҳам) истифода бурда, мақола вироиш мекунад. Бинобар дахолати мудир бояд асоснок (дар асосӣ сарчашмаи забонӣ тоҷикӣ) бошад.
Ман намегузорам, ки сарлавҳаи ба хонандаҲои кулли Тоҷикистон дар забони тоҷикӣ нофаҳморо дар мақолаам гузоранд.
Бо эҷоду кори хеш машғул бошед.
Пайванди забониро ба мақолаи ман чаро иваз мекунед. Ба мақолаи худ пайванди забони форсиро ёфта гузоред, хонандаҳои кирилиалифбои дунё мумкин таваҷҷӯҳ намоянд.

--Шухрат Саъдиев (баҳс) 06:51, 25 феврали 2021 (UTC)[ҷавоб додан]

Мо забони ноби тоҷикиро ба ин миллат тавассути мақолаҳои Википедия меомӯзем! --Дӯстмурод Саид (баҳс) 06:53, 25 феврали 2021 (UTC)[ҷавоб додан]
Гуфта будед, ки "Бо эҷоду кори хеш машғул бошед" ва ҳоло ҳамин суханатонро худатон иҷро кунед! Дӯстмурод Саид (баҳс) 17:32, 15 марти 2023 (UTC)[ҷавоб додан]
Оре меомузад, бо истифодабарӣ аз вожаҳои Донишномаи миллии Тоҷикистон (ЭМТ) ва Фарҳанги забони тоҷикӣ!
на аз вожаҳои бори нахуст (дар таҳсилоти мактабу донишгоҳ ҳаргиз наомӯхтаро) аз Википедияи форсӣ ёфтаву дар сарлавҳаҳои мақолаҳои ВП тоҷикӣ мунтазам гузоштаатон.

--Шухрат Саъдиев (баҳс) 07:38, 25 феврали 2021 (UTC)[ҷавоб додан]

Аввалин ин, ки форс нестем — тоҷикем. -Tokyo Akademia (баҳс) 11:42, 25 феврали 2021 (UTC)[ҷавоб додан]
Ҳунӯз мафҳуми миллиятро аз забон фарқ карда наметавонед, пас бо шумо баҳс маъние надорад! Ба наздикӣ бо дастури Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам имлову дастури забони тоҷикӣ ва ҳам донишномаи забон бознависиву нашр хоҳад шуд, ки онҷо хоҳед фаҳмид, ки форсӣ як забони хориҷӣ нест, балки забони модарӣ аст!!! --Дӯстмурод Саид (баҳс) 13:43, 25 феврали 2021 (UTC)[ҷавоб додан]
Дуруст, ман дар боло иштибоҳ кардам. Аммо ман навиштро дар назар доштам ва забони тоҷикӣ қоидаҳои истифодабариву ҷумлабандиҳои худро дорад. Ман танҳо намехоҳам забони тоҷикӣ ояндааш мисли забони молдовӣ шавад, ки мақоми забони давлатиро дар Молдова ба фоидаи забони руминӣ (ки фарқияташон танҳо дар графикаи нафишт, якумин — сириллик, дуввумӣ — лотинӣ буд) аз даст дод. --Tokyo Akademia (баҳс) 15:04, 25 феврали 2021 (UTC)[ҷавоб додан]
Яъне як вожа ё истилоҳи хориҷиро ба забонӣ модарии худ навишатану баён кардан, куҷо қоидаҳои навишту истифодабарии забонро вайрон мекунад? Ин истилоҳот, ки дар даврони Шӯравӣ бинобар огаҳ набудани ба ном забоншиносони тоҷик дар кишвари мо роиҷ шуданд, хушбахтона сар аз солҳои 90-ум моли таърих шудаву вожаҳои ноби тоҷикӣ ҷойгузинашон шуданд... Барои мисол: руспублика - ҷумҳурӣ, советӣ - шӯравӣ, совет - шӯро, университет - донишгоҳ, институт - пажӯҳишгоҳ... ва ҳамин вожаҳо дар ибтидо барои шӯравипарастон хуш намеомаду касоне ки посдори забон буданд ба эронпарастиву эронгароӣ гунаҳкорашон мекарданд... Вале он "забони тоҷикии советӣ" чанд солаке беш умраш намондааст! Забони миллат - ҳастии миллат! --Дӯстмурод Саид (баҳс) 16:21, 25 феврали 2021 (UTC)[ҷавоб додан]

Забони тоҷикӣ ҳамон форсист

[вироиши манбаъ]

@Шухрат Саъдиев, намедонам, идиъоятонро бар чи асосу мадраке пеш меоваред, вале дониста бошед, ки бо ин забоне, ки имрӯз дар асоси дастури забони русӣ сохтаед, худро аз ганҷинаи ҳазорсолаи забону адаби порсӣ, ки бо ифтихор аз он ёд мекунед, маҳрум месозед. Чи гуна бо ин тарзи навишту гуфтор худро меросбари "Шоҳнома", "Маснавӣ" ва умуман адабиёти ҷаҳонгири порсӣ мешумаред? (баҳс) 18:35, 15 марти 2023 (UTC)[ҷавоб додан]

Искандари Ориф Дар асоси дастури забони русӣ, ки ман сохтаам ...? Не, балки аз забонҳои гуногуни Википедия мақолаҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардаам ва аз забону адаби порсӣ хонандагонро маҳрум намесозам. Эродатон асоси мантиқӣ надорад. Дар сарлавҳаи мақола истилоҳоти забони тоҷикӣ дар мадди аввал бояд қарор гирад, он дар дастури Википедияи тоҷикӣ аз ҷониби ҷомеаамон тасдиқ шудааст. Ба он ҳама корбарон бояд риоя кунанд. Дар луғати "Фарҳанги забони тоҷикӣ" (2 ҷилд) ва "Донишномаи миллии Тоҷикистон" истилоҳоту вожаҳои расмии муосири тоҷикӣ оварда шудаанд.
Баъди сабти номгузории забони тоҷикӣ, корбарони Википедия дар равонаҳои иловагӣ истилоҳоти забонии форсӣ (бо алифбои форсӣ) метавонанд гузоранд. Вагарна истифодаи истилоҳоти форсӣ дар Википедияи тоҷикӣ тақлидкорӣ ё асардуздӣ аст.--Шухрат Саъдиев (баҳс) 19:11, 15 марти 2023 (UTC)[ҷавоб додан]
@Шухрат Саъдиев "аз ҷониби ҷомеаамон тасдиқ шудааст." Оё чунин мақоме, ки дастури забон таҳияву тасдиқ кунад, ҳаст? Аз таҷрибаам мегӯям, мо асомии кулли кишварҳои оламро дубора аз тариқи русӣ қабул кардаем. То имрӯз Кипр, Ҷазираҳои Комор, Полша, Марокко, Россия, Венгрия, Австрия ва зиёд гунаҳое чунин аст (номи дурусташон Қибрис, Ҷазираҳои Қумур, Лаҳистон, Мағриб, Русия, Маҷористон, Утриш). Искандари Ориф (баҳс) 03:11, 16 марти 2023 (UTC)[ҷавоб додан]
Аз баҳс оид ба истилоҳоти "Пӯёнамоӣ" баромада чаро дигар истилоҳотҳоро "дуруст" гуфта мисол мебиёред. Чунки истилоҳ аз забони ВП-и форсӣ гирифта шудааст. (яъне асардуздӣ шудааст) ва барои миллионҳо ТОҶИКОН истилоҳи нофаҳмо аст. Савол чаро корбарони форсизабон аз баъзе истилоҳоти забони тоҷикӣ дар ВП-и форсӣ истифода намебаранд???, чунки мавриди истифодаи халқи Эрон нашудааст. Оиди номи "дуруст" будани номгузории кишварҳо, ба Шурои олимони ДМТ, ки онҷо муаллифи истилоҳ ва Шумо кор мекунед муроҷиат кунед ва дар Шӯро тасдиқ кунед, то ки ҷомеаи кишвари тоҷикзабон аз он бархурдор бошад. Инчунин ба Кумитаи забон ва истилоҳоти ҶТ, саволатонро диҳед, ҷавобашро меёбед. Шухрат Саъдиев (баҳс) 16:27, 16 марти 2023 (UTC)[ҷавоб додан]

То рӯзи мурдан!

[вироиши манбаъ]

@Шухрат Саъдиев, айб аст, кӯдакбозиро бас кунед! То лаҳзаи мурданам, ин мақоларо барқарору вироиш мекунам, зӯри беҳуда назанед! Дӯстмурод Саид (баҳс) 17:41, 16 марти 2023 (UTC)[ҷавоб додан]

Бидонед, ки то рӯзи "гуфтаатон" истилоҳи овардаатонро халқи тоҷик, аз ҷумла ҳамдеҳаҳоятон намепазиранд ва хонандаҳои Википедияи тоҷикӣ дар амали ҷустуҷу ин "иситолоҳро" намекобанд, чунки ғайри забони гуфтугуӣ ва илмии тоҷикӣ аст. Шухрат Саъдиев (баҳс) 01:08, 17 марти 2023 (UTC)[ҷавоб додан]
Надонистани шумо маънии инро надорад, ки дигарон забони модариашонро балад нестанд! Дӯстмурод Саид (баҳс) 03:16, 17 марти 2023 (UTC)[ҷавоб додан]
Кӣ дар ин баҳс ҳақ баромад? Ҳаёти муосир ҷавобашро нишон медиҳад. Шухрат Саъдиев (баҳс) 03:35, 17 марти 2023 (UTC)[ҷавоб додан]
Бигзор то пирӯзӣ ё бохт ин мақол биистад! Дӯстмурод Саид (баҳс) 14:20, 17 марти 2023 (UTC)[ҷавоб додан]