Ба суд супурдан
Зоҳир
БА СУД СУПУРДÁН, дар қонунгузории мурофиаи шаҳрвандӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ ба суд супурдан ба маънои ба суд пешниҳод намудани ариза, маълумот, дархост, супурдани гумонбаршуда, айбдоршаванда, пешниҳод намудани парванда аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтишот ба суд ва ё аз тарафи як суд парвандаро барои баррасӣ ба суди дигар пешниҳод намудан дониста мешавад. Дар мафҳуми дигари ба суд супурдан ба маънои ба суд аризаи шикоятӣ бурдан, ба суд фиристодан, ба суд равон кардан, ба суд ворид намудан, ба суд ирсол кардан, ба суд ҳозир намудан фаҳмида мешавад. / Э. Насурдинов, Д. Сангинов.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.