Ба ҷамъият хавфнок будани кирдор
Ба ҷамъият хавфнок будани кирдор - дар расонидани зарар ё зери таҳдиди расонидани зарар гузоштани манфиатҳои аз тарафи КҶ ҶТ муҳофизатшаванда ифода меёбад. Кирдоре, ки бо сабаби камаҳамиятӣ барои ҷамъият хавфнок нестанд, ҷиноят ҳисобида намешаванд (қ.2 м. 17 КҶ ҶТ). Ба ҷамъият хавфнокии кирдор барои ҳукуқвайронкунии дилхоҳ (ҳуқуқвайронкунии шаҳрвандӣ, интизомӣ, маъмурӣ ва ғайра) низ хос аст. Ҷиноят аз дигар ҳуқуқвайронкуниҳо бо хусусият ва дараҷаи ба ҷамъият хавфнокии худ фарқ мекунад. Хусусияти ба ҷамъият хавфнокӣ - хусусияти сифатӣ, моҳият ва мазмуни ҷиноятро муайян мекунад. Хусусияти ба ҷамъият хавфнокии ҷиноят асосан тавассути объекти ҷиноят муайян карда мсшавад. Масалан, вобаста ба хусусияти ба ҷамъият хавфнокиашон ҷиноятҳо ба одамкушӣ, дуздӣ ва ғ. ҷудо мешаванд. Дараҷаи ба ҷамъият хавфнокӣ хусусияти миқдории ба ҷамъият хавфнокии ҷиноятро дар доираи сифати муайян ифода мекунад. Масалан, намудҳои вазнинкунандаи дуздӣ: аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ( б. «б», қ.2, м.244 КҶ ҶТ) дуздӣ ба микдори калон (б. «а» қ. 3 м. 244 КҶ ҶТ) ва ғ.
Зиддиҳуқуқӣ, яъне аз тарафи меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ манъ намудани содир кардани ҷиноят бо таҳдиди татбиқи ҷазо мебошад. Зиддиҳуқуқӣ ин ифодаи ҳуқуқии ба ҷамъият хавфнокии ҷиноят аст. Кирдори барои ҷамъият хавфноке, ки дар КҶ ҶТ ба сифати ҷиноят пешбинӣ нагардидааст, ҷиноят эътироф намешавад. Кирдори зиддиҳуқуқии шахс бояд гунаҳкорона содир шуда бошад.
Гуноҳ муносибати рӯҳии шахс нисбат ба кирдор ва оқибатҳои он ба ҳисоб рафта, дар шакли қасд ва беэҳтиётӣ ифода меёбад. Мувофиқи м. 27 КҶ ҶТ танҳо шахсе дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор эътироф мешавад. ки ӯ ин кирдорро қасдан ё аз беэҳтиётӣ содир карда бошад. Ҷазо ҳамчун аломати ҷиноят онро ифода мекунад, ки барои кирдори содиршудаи гунахкоронаи барои ҷамъият хавфнок дар қонуни ҷиноятӣ ҷазо пешбинӣ гардидааст.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009.- с.76-77