Гуноҳ (фиқҳ)
Гуноҳ —дар фиқҳ нофармонӣ ва табаҳкорӣ, сарпечӣ аз амрҳои Худованд, мухолифати бевосита ё бавоситаи меъёру муқаррароти шаръӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ аст.
Гуноҳ на танҳо ба худи содиркунандаи он, балки ба дигарон, ҳатто ба тамоми инсоният зарари мудҳиш расонида метавонад. Масалан, гуноҳҳое аз қабили дурӯғгӯӣ, дашномдиҳӣ, эҳтиром накардани падару модар, ҳасадбарӣ, кинагирӣ, судхӯрӣ, ришваситонӣ, фиребгарӣ, қаллобӣ, зинокорӣ, дуздӣ, одамкушӣ ва ғ. унсурҳои ба табиати инсон зарарноку нописанд, нохушоянду бегона ба шумор рафта, бештар ҷисму ҷони гунаҳкорро азият медиҳанд. Гуноҳ зараррасонӣ ба худии худ тавассути вайронсозии қонунҳои солими ҳастии инсоният мебошад. Бо содир кардани гуноҳ инсон худро аз Худо ва одамон дур мегардонад ва ба худии худ нафрат мекунад.
Дар масеҳият
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар дини насронӣ се навъи гуноҳшинохта мешавад: нахустгуноҳи Одами Абулбашар ба ҳамаи фарзандони вай то ин замон тааллуқ дошта, инсон танҳо тавассути ғусли таъмид ва шафоати Исо аз гуноҳпок мегардад; гуноҳи авлодӣ ё меросӣ, ки аз падару модар ё аҷдодони гузашта ба мерос расидааст; гуноҳи шахсӣ — рафтори зидди виҷдон ва зидди 10 фармони Худо содиршуда.
Дар ислом
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар дини ислом гуноҳ содир кардани рафтор ё нияти анҷом додани амалест, ки хилофи фармудаҳои динӣ буда, шариат онро манъ кардааст. Инсони гунаҳкор шахси болиғу солимақлест, ки гуноҳро барқасд, бе он ки касе ӯро маҷбур намуда бошад, содир кардааст. Одами гуноҳкор ҳамеша имконияти тавба аз гуноҳро дорад ва дари тавба то дами вопасин боз аст. Аммо тез-тез содир кардани гуноҳ , ҳарчанд он ночиз ҳам бошад, ба ҷисму ҷони инсон таъсири баду зиёнбор расонида, ӯро ба гуноҳи бузург мекашонад ва имонро суст мегардонад. Гуноҳҳо ба кабира ва сағира ҷудо мешаванд. Гуноҳҳои кабира: инкори ҳастии Худо, ширк (бисёрхудоӣ, ба Худо шарикеро қоил будан), нашинохтани аҳкоми динӣ, одамкушӣ, содир кардани зино, ҳамҷинсгароӣ, сеҳру ҷоду, судхӯрӣ (рибо), хӯрдани моли ятим, гурез аз майдони ҷанг, қазф — шаҳодати дурӯғ ба зино кардани зан, эҳтиром накардани падару модар, таҷовуз ба номуси касе, гувоҳии бардурӯғ, қасами бардурӯғ, иҷро накардани муқаррароти шариат, тундравӣ дар содир кардани ягон гуноҳ Дараҷаи заранокии гуноҳҳои сағира камтар аст, аммо дар сурати такрори зиёд онҳо ба гуноҳи кабира баробар мешаванд. Тибқи тақсимбандии дигар гуноҳ эътиқодӣ, қалбӣ ва амалӣ мешавад. Мас. , ширк аз ҷумлаи гуноҳони эътиқодӣ, кибр аз қабили гуноҳони қалбӣ ва шурби хамр (шаробхорӣ) аз қабили гуноҳони амалӣ аст. Аз рӯи эътиқоди динӣ, танҳо пайғомбарон аз гуноҳҳо мубарро буда, аз онҳо содир шудани баъзе хатоҳо (заллат) имкон дорад. Ислом нахустгуноҳи Абулбашарро қабул надорад; тибқи ақидаи исломӣ ҳамаи инсонҳо аз модар бегуноҳ тавлид мешаванд, вале дар тӯли умр ба содир кардани гуноҳҳо гирифтор мегарданд. Баъзан ба ҷои гуноҳ муродифҳои он ҷурм ва базаҳ низ истифода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гуноҳ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Али-зода, А. А. Исламский энциклопедический словарь. М. , 2007.