Jump to content

Беварасп

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Беварасп (форсӣ: بیوراسب‎) — лақаби Заҳҳок дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва дигар осори адабию таърихӣ.

Беварасп калимаи мураккаб буда, аз ду ҷузъ: бевар ва асп иборат аст. Бевар дар забони паҳлавӣ-форсии миёна шумораи «даҳ ҳазор» аст; асп – ҷонвари маъруф. Дар маҷмӯъ маънии Беварасп «дорандаи даҳ ҳазор асп» мебошад.

Фирдавсӣ мегӯяд:

Ҷаҳонҷӯйро ном Заҳҳок буд,
Далеру сабуксору чолок буд,
Ҳамон Бевараспаш ҳамехонданд,
Чунин ном бар паҳлавӣ ронданд.
Куҷо бевар аз паҳлавонӣ шумор
Бувад дар забони дарӣ даҳ ҳазор.
Аз аспони тозӣ ба зарринситом
Варо буд бевар, ки бурданд ном.

  • Абулқосими Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ. 1. Д., 2007.