Бегорӣ
Бегорӣ — як навъи молиёт дар асрҳои миёна. Бемузд кор фармудан бо фармони шоҳ, амир, ҳоким. Бегорӣ дар манобеи таърихӣ бо номи «ҳашар» ва «мардикор» низ зикр шудааст.
Бегорӣ дар Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрон ва Ҳиндустон аз садаи 10 то ибтидои садаи 19 роиҷ буд. Ин навъи молиётро мардум дар сохтмони саройҳо, ҳаммомҳо, пулҳо, поккории роҳҳо аз барф, кандани ҷӯйбору корезҳо ва тоза кардани онҳо дар фасли баҳорон ройгон иҷро мекарданд. Бегорӣ дар манобеи таърихӣ бо номи «ҳашар» ва «мардикор» низ зикр шудааст ва баъди садаи 11, ки Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрон зери ҳукумати хонадонҳои турку муғул қарор гирифтанд, рушди бештар намуд. Ин ҳолат вазъи кишоварзонро, ки илова бар пардохтани молиёти гуногуни давлатӣ боз ба кори бемузд маҷбур карда мешуданд, вазнинтар менамуд. Масалан, Абдуллоҳхони II Шайбонӣ дар с-ҳои 1579 ва 1585 чаҳор фармон интишор кард, ки тибқи онҳо ҳокимони Ҳисор, Қубодиён ва Деҳнав вазифадор буданд дар кандани ҷӯйбори бузург аз рӯдхонаи Вахш барои обшор сохтани заминҳои яке аз шахсони рӯҳонии бонуфузи он давр Хоҷа Саъд, ки пири Абдуллоҳхони Шайбонӣ маҳсуб мешуд, 10 ҳазор мардикорро вобаста намоянд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- История Таджикского народа. Т. 4. Д., 2010;
- История вторжения кочевых племён Дашти Кипчака в Мавераннахр и Хорасан (16 в.).
- دهخدا، ج. ۱۱ ، تهران، ۱۳۳۴ ه. ش
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.