Jump to content

Бедилии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бедилии Самарқандӣ
Навъи фаъолият: шоир

Хоҷамуҳаммад Бедилии Самарқандӣ (форсӣ: بیدلئ سمرقندی‎, с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири форс-тоҷик.

Мувофиқи маълумоти «Тазкирату-ш-шуаро»-и Мутрибии Самарқандӣ шоире будааст, ки бештар ашъори ҳаҷвӣ месурудааст. Масалан, ҳаҷвияи дар бораи Мирафзали Афзалӣ сурудааш машҳур буд, ки байти зерин аз он аст:

Туро, ки бори китоби бағал басанда бувад,
Қаламтарошу қалам бар сари ту сарбор аст.

Ашъори ғайриҳаҷвии хубу марғуб доштааст ба мисли ин байт:

Дар майкада хумҳо чу пур аз бодаи ноб аст,
Дар даҳр дили Хизр чаро толиби об аст?

  • Раҳимӣ Б. Ошноӣ бо Бедил. Д., 2009.