Бедилии Ҳиравӣ
Намуди зоҳирӣ
Бедилии Ҳиравӣ | |
|---|---|
| Навъи фаъолият: | шоир |
Бедилии Ҳиравӣ (форсӣ: بدیلئ هیروی, қарни 15) — шоираи форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз намояндагони доираи адабии Ҳирот, муосири Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ ва дигарон. Дар «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ, «Миръот-ул-хаёл»-и Шералихони Лудӣ ва диг. аз ӯ чун шоираи хуштабъу нозукадо ёд шудааст. Шавҳараш — Шайх Абдуллоҳи Девона ва писараш Шайхзодаи Ансорӣ низ шоир буданд. Аз осораш намунаҳо ба тавассути тазкираҳо дастрас гардидаанд. Байти зерин аз ӯст:
Равам ба боғу зи наргис ду дида вом кунам,
Ки то назораи он сарви хушхиром кунам.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бедилии Ҳиравӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.