Бедили Мултонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бедили Мултонӣ
Навъи фаъолият: шоир

Муҳаммадшафеъ Бедили Мултонӣ форсӣ: بیدل ملتانی‎ (с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири форсизабони Ҳиндустон (охири садаи 17 – нимаи авв садаи 18).

Аз зиндагӣ ва осори ин шоир маълумоти мухтасар дар тазкираи «Мақолот-уш-шуаро»-и Миралишер Қонеи Таттавӣ сабт гардидааст. Дар дарбори ҳокими Татта Сайфуллоҳхон хидмат мекард. Аз осораш пораҳо ба тавассути тазкираҳо дастрас гардидаанд. Ин байт аз ӯст:

Ҷисм монеъ аст парвози дили ворастаро,
Қатра аз чандин масофат худ ба дарё мерасад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Раҳимӣ Б. Ошноӣ бо Бедил. Д., 2009.