Jump to content

Бедили Қазвинӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бедили Қазвинӣ

Бедили Қазвинӣ (форсӣ: بیدل قزوینی‎, Қурбон ибни Рамазон; 1793, Боддашти Эрон — ?) — шоири эронӣ.

Аксар ашъор ва осори мансури навиштаи Бедили Қазвинӣ марсияҳо, тасвири шаҳид шудани имом Ҳусайн ва дигар ҳодисоти марбут ба хонадони Алӣ ибни Абитолиб мебошанд. Дар оғози асари мансураш «Мотамкада», ки дар он пораҳои манзум низ ҷой доранд, мегӯяд:

Мани фалакзада он Бедили гунаҳкорам,
Ки аз Муҳаммаду олаш умедҳо дорам.
Ба ин умед, ки дар арсагоҳи явми нушур
Шаванд воситаам назди кирдгори ғафур...

«Девони Бедили Қазвинӣ» дар Лоҳури Покистон ба табъ расидааст, ки дар он қасоиду ғазалиёт, рубоиҳову қитъаҳои шоир фароҳам омадаанд.

  • Раҳимӣ Б. Ошноӣ бо Бедил. Д., 2009.